Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, суғуртавӣ ва шарикони рушд 25 июни соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан фестивали “Саводнокии молиявӣ” баргузор гардид, хабар медиҳад шуьбаи матбуоти БМТ.
Дар оғози чорабинӣ, нахуст муовини раиси шаҳри Истаравшан Толиб Олимҷонзода вобаста ба муҳиммияти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ, сипас муовини мудири шуъбаи минтақавии БМТ дар шаҳри Хуҷанд Сираева Зебо вобаста ба ҳадафҳои асосии баргузор намудани чорабинӣ суханронӣ намуданд.
Дар идома мутахассисони БМТ ва намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар мавзуъҳои гуногуни марбут ба саводнокии молиявӣ, аз ҷумла рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар заминаи технологияҳои муосир, пешгирии амалҳои қаллобони молиявӣ, нақши ташкилотҳои молиявӣ дар баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ, инчунин роҳҳои қаллобии молиявӣ ва ошкор намудани он баромад намуда, таҷрибаҳои хешро дар ин самт баён доштанд.
Илова бар ин, дар ҷараёни фестивал бо иштирокдорон якчанд озмун гузаронида шуда, ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ, аз қабили телевизор, планшет, телефони мобилӣ ва гушмонакҳои бесим тақдим карда шуданд.
Дар қисмати дуюми фестивал “Намоиши маҳсулоти молиявӣ ва суғуртавӣ” баргузор гардид, ки дар он ташкилотҳои қарзии молиявӣ, суғуртавӣ ва соҳибкорони инфиродӣ маҳсулоти худро муаррифӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки чорабиниро ҳамзамон барномаи фарҳангӣ шукуҳ бахшида, ҳунармандон бо санъати хеш табъи зиёда аз 4000 нафар толибилмон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва мактабҳои олӣ, кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, намояндагони ташкилотҳои хориҷӣ ва дигар иштирокчиёни фестивалро болида гардониданд.