3 июли соли 2024 дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Австрия муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим дар маросими ифтитоҳи чойхонаи тоҷикӣ баъд аз таъмиру навсозӣ дар парки машҳури Минимундуси шаҳри Клагенфурт иштирок намуд.
Тадбирҳои марбут ба эҳё ва барқарорсозии чойхонаи тоҷикӣ дар макони нав бо ибтикору ҳидояти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва мусоидати шаҳрдории Клагенфурт дар давоми 2 сол бо сатҳу сифати баланд амалӣ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи расмии чойхона роҳбарият ва собиқадорони шаҳри Клагенфурт, намояндагони Шӯрои шаҳрӣ, ҷамъияти тоҷикон дар ин шаҳр ва дигар шахсонӣ расмӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.
М. Пардаев