Имрӯз, 2 июл Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин хусус Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ мешавад.
Ба имзо расидани бастаи санадҳои байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ низ дар назар аст.
Ҳамчунин тибқи барномаи сафар, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот менамояд.
«Ин нахустин сафари хориҷии Шаҳбоз Шариф баъди интихоб шуданаш ба маснади Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад», — таъкид намуданд дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.