Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе ҷашни Тиргон баргузор гардид, ки дар он аз тамоми қаламрави кишвар деҳқонону кишоварзон ҷамъ омада маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд. Дар оғози чорабинӣ Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, намояндагони МИҲД шаҳри Душанбе ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуда, аз маҳсули дастранҷи кишоварзон дидан карданд.
Дар доираи таҷлил аз ҷашни аҷдодиамон – Тиргон, иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» аз ҷониби кишоварзони мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор доир гардид. Илова бар ин дастранҷи кишоварзон аз қабили навъҳои гуногуни зардолу ва анвои аз он омодашуда, олу, гелос, шафтолу, себ, ғалладонагиҳо, зироати полезӣ, аз ҷумла тарбузу харбуз, маҳсулоти ниёзи аввалия ба монандӣ картошкаю пиёз, сабзавот ва навъҳои гуногуни таъомҳои миллӣ, техникаи кишоварзӣ ба намоиш гузошта шуд. Тавре Абдулазиз Маҳмудзода муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд зимни суҳбат ба мо гуфт, дар вилояти Суғд боғҳои зиёди зардолупарварӣ мавҷуд аст, ки боғдорон шуруъ аз моҳи июн то август ин маҳсулотро ҷамоварӣ карда, бозорҳои вилоятро бо зардолуи тоза таъмин менамоянд.
Бояд гуфт, ки Тиргон дар қатори ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҷашни мавсимии кишоварзон буда, он ба обу замин ва ҷамъ овардани ҳосили зироатҳо робитаи мустақим дорад. Муборакшо Саидзода сардори бахши кишоварзии ноҳияи Носири Хусрав зимни суҳбат ба мо гуфт, ки ҷашни тиргон тамоми кишоварзони кишварамон ба ҳам оварда, ба онҳо имконият медиҳад, ки бо маҳсули дастранҷ ва таҷрибаи кори якдигар шинос шаванд.
Эмомиддин Насриддинзода сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Файзобод зимни суҳбат ба мо гуфт, ки баргузории ҷашни Тиргон ба худшиносӣ ва маънавиёти ҷавонон таъсири мусбат расонида, онҳоро водор менамояд, ки барои идома додани анъанаҳои аҷдодон ва арзишҳои миллиамон саъю талош намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки Тиргон ҷашни расиши гандуму нон, ҷашни обу ободии инсон, ҷашни тобистон ва ҷашни ҷамоварии дастранҷи деҳқон мебошад. Таҷлил намудани ҷашни Тиргон барои ҷалби бештари сайёҳон ва муаррифии анъанаҳои аҷдодиамон ба ҷомеи ҷаҳонӣ мусоидат мешамояд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои «Тоҷикисон»