Имрӯз маросими кушодашавии мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату кумитаҳо, раёсатҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву ҷамъиятҳо барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи ҷаҳонии футбол дар майдончаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кушодашавии мусобиқаи мазкур зиёда аз 90 дастаи футболи кормандони вазорату кумитаҳо, раёсатҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву ҷамъиятҳо иштирок намуданд.
Мусобиқа дар чор гурӯҳ баргузор мегардад. Дар гурӯҳи якум танҳо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, раёсатҳо, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ синну соли аз 23 сола боло ҳуқуқи иштирок карданро доранд.
Дар гурӯҳи дуюм кормандони вазорату кумитаҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ синну соли аз 23 сола боло ҳуқуқи иштирок карданро доранд.
Дар гурӯҳи сеюм кормандони вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо, раёсатҳо, корхонаву ҷамъиятҳо ва дустодорни футболо ҳуқуқи иштирок карданро доранд.
Дар гурӯҳи чорум кормандони вазорату кумитаҳо, раёсатҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву чамъиятҳо синну соли аз 45 сола боло ҳуқуқи иштирок карданро доранд.
Мусобиқаи мазкур аз 29 июн то 5 августи соли 2024 баргузор мегардад.
М. Пардаев