Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

26 июни соли 2024, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои ҳар яки мо – сокинони Тоҷикистон санаи муборак ва таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Таҷлили ин ҷашни сарнавиштсоз нишонаи возеҳи арҷгузории мардуми шарифи Тоҷикистон ба арзишҳои муқаддаси сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва амнияту осоиш мебошад.

Тамоми шаҳрвандони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори бистуҳафтумин солгарди ин санаи таърихсоз самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар як сокини Тоҷикистон амнияту оромӣ ва тандурустиву хушбахтӣ орзу менамоям.

Дар саҳифаҳои таърихи даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон рӯзи 27-уми июни соли 1997 бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.

Дар ин санаи сарнавиштсоз хиради аҷдодии миллати тоҷик пирӯз шуд ва санади муҳимму таърихӣ – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, ба хотимаи ҷанги даҳшатбори таҳмилии шаҳрвандӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати мардуми кишвар заминаи устувор гузошта шуд.

Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои халқи Тоҷикистон пайки шодӣ, паёми оромӣ ва номаи иқболу саодат гардид.

Бояд гуфт, ки мо ба ин рӯзи муборак бо саъю талоши зиёд ва дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ муяссар гардидем.

Ба шарофати роҳандозӣ гардидани раванди ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот Ҳукумати мамлакат бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ба бартараф намудани душвориву мушкилоти зиёди ҷомеа ва давлат, дар навбати аввал, барқарорсозии баъдиҷангӣ оғоз намуд.

Бо гузашти вақт захмҳои ҷанг тадриҷан шифо ёфтанд, харобаҳои ҷанг обод гардиданд, аммо мардуми мо ҳанӯз сабақҳои талх ва даҳшату фоҷиаи ҷангро, ки дар натиҷаи он садҳо ҳазор куштаву миллионҳо нафари дигар овораву бехонумон шуданд, фаромӯш накардаанд ва бовар дорам, ки ҳаргиз фаромӯш намекунанд.

Ҳодисаҳои нангини он даврон, ки аз ҷониби як гурӯҳ худбохтагону имонфурӯхтагон, яъне душманони миллати тоҷик ва хоҷаҳои хориҷии онҳо созмон дода шуда буданд, боиси фалаҷ шудани тамоми шохаҳои ҳокимият гардида, хатари пароканда гардидани миллати тоҷик ва аз миён рафтани давлати тоҷикон ба воқеияти талху даҳшатноки он рӯзҳо табдил ёфта буд.

Қобили зикр аст, ки заминаи асосӣ ва хишти аввали бинои сулҳу ваҳдати миллии мо ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихиву тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии кишвар гузошта шуда буд.

Дар ҷараёни иҷлосия аз ҷониби роҳбарияти навинтихобшудаи давлат ба хотири қатъи ҷангу хунрезӣ аввалин иқдомоти муҳим, аз ҷумла ба ҳам овардани роҳбарони гурӯҳҳои ба якдигар мухолиф амалӣ гардиданд ва нахустин қадамҳо ба сӯи сулҳу оромӣ гузошта шуданд.

Аз кишварҳои хориҷии дуру наздик ба Ватан ва ҷойи зисташон баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ ва ташкили шароити зарурии зиндагӣ барои онҳо иқдомоти минбаъдаи мо дар он рӯзҳо буданд.

Барқарор намудани фаъолияти шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимият, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои давлатӣ, яъне барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва бо ҳамин роҳ пешгирӣ кардани хатари парокандагии миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тоҷикон вазифаҳои мубрамтарину аввалиндараҷаи мо дар он айём ба шумор мерафтанд.

Ҳамаи ин корҳоро мо бо майлу иродаи қавии халқамон ва дастгириву пуштибонии қотеонаи мардуми шарифи Тоҷикистон анҷом додем ва роҳро барои барқарорсозии иқтисодиёти фалаҷшуда ва таъмин намудани рушди минбаъдаи он ҳамвор сохтем.

Бинобар ин, бори дигар бо ифтихору сипос иброз медорам, ки қаҳрамони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд.

Тайи 27 соли ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқонаи мардуми тоҷик кишвари мо ба дастоварду пешравиҳои бесобиқа ноил гардида, барои сокинони он шароити мусоиди зиндагӣ фароҳам оварда шуд.

Имрӯз халқи саодатманди тоҷик дар шароити сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар ҷодаи амалисозии ҳадафҳои созандаи худ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Ҳоло Тоҷикистони соҳибистиқлол дар миёни кишварҳои мутараққии ҷаҳон соҳиби нуфузу обрӯи шоистаи худ мебошад.

Қабул гардидан ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди дастгириву амалисозӣ қарор гирифтани ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Тоҷикистон нишонаи возеҳи эътирофу эҳтироми кишвари мо ба шумор меравад.

Имрӯзҳо фарҳанги сулҳофаринӣ ва таҳаммулгароии миллати моро, ки дар натиҷаи ба даст овардани ваҳдати миллӣ эътибори ҷаҳонӣ ёфт, марказҳои таҳқиқотии дунё мавриди омӯзиш қарор дода, сулҳи тоҷиконро ҳамчун нодиртарин роҳи хотима гузоштан ба мухолифатҳои мусаллаҳона эътироф кардаанд.

Хотирнишон месозам, ки ваҳдати миллӣ барои халқи мо неъмати бебаҳо, арзиши муқаддас, рамзи ҳувияту худогоҳӣ, кафили бақои давлату давлатдорӣ ва рамзи саодати наслҳои имрӯзу оянда мебошад.

Вазъи ниҳоят мураккаб ва пешгӯинашавандаи ҷаҳон, талоши қудратҳои ҷаҳонӣ барои аз нав тақсим кардани дунё, раванди яроқнокшавии бошитоб, марҳалаи нави «ҷанги сард», вусъати рӯзафзуни ҷангҳои иттилоотӣ, таҳоҷуми фарҳангиву ғоявӣ ва дигар раванду ҳодисаҳои номатлубу хатарноки замони муосир моро водор месозанд, ки беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар ғафлат намонем.

Таъкид месозам, ки дар чунин шароити ҳассос ҳар яки мо бояд ба хотири пояндагиву бақои миллатамон ва устувории давлати соҳибистиқлоламон боз ҳам бештар сарҷамъу муттаҳид ва зираку ҳушёр бошем, иродаи қавӣ дошта бошем ва манфиатҳои милливу давлатиамонро содиқона ҳимоя намоем.

Дар робита ба ин, як масъалаи муҳимро хотирнишон менамоям: ҳар қавму миллате, ки иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдату ҳамдилиро шиори худ кардааст, аз миёни обу оташи таърих бо сарбаландӣ гузашта, ба саодати воқеӣ расидааст ва баръакс, ҳар халқе, ки ихтилофу ҷудоӣ ва ҷангу нифоқро пеш гирифтааст, ба номаи тақдири хеш муҳри бадбахтиву нокомӣ задааст.

Ин воқеиятро ҳофизаи таърихӣ борҳо собит намудааст.

Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд амиқан дарк намоем, ки азамату қудрат ва тавоноии миллат ва давлат бо устувориву пойдории мавҷудияти ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил пайванди ногусастанӣ дорад.

Мо ваҳдати миллиро дар баробари истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон медонем ва барои тақвият, таҳким, устуворӣ ва такомули минбаъдаи он бо дастгирии мардуми сарбаландамон ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем.

Таҳкиму тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи сулҳу амнияти кишвар барои мо вазифа ва рисолати муқаддасу муқаддами умумимиллӣ ва умумихалқӣ мебошад.

Дар фарҷоми сухан, бо ибрози ниятҳои нек Рӯзи ваҳдати миллиро бори дигар ба тамоми мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломатӣ, саодати рӯзгор, комёбӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!