Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла таҷлили 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар таҳкими пояҳои сулҳу ваҳдат ва субот дар ҷомеаи кишвар, имзои як қатор қонунҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон матолиби зиёди хабарӣ таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 26 июн мақолае бо номи “Меъмори сулҳ” чоп карда менависад, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввалини фаъолияти худ роҳи наҷоти инсониятро дар ҳамагуна ҷомеаҳо, хусусан дар замони муосир, ки ҷаҳонишвию бархӯрди тамаддунҳо баръало ба назар мерасад, дар сулҳу ваҳдат мебинанд.
Ба гуфтаи муаллиф, ба сулҳи бебозгашт ноил шудани мардумони азизи кишварамон ҳадафи аввалини Президенти кишвар дар роҳи истиқрори сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ гардид. Дурнамои ин масъала нигоҳ доштан ва таҳким бахшидан ба он буд ва маҳз ҳамин қисмат ба созандагиву эҳёи кишвар заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар идома муаллиф менависад, ки таърихи навин бори дигар собит намуд, ки дар ҳар давлате, ки сулҳу ваҳдат, оромию дӯстӣ ҳукумфармост, он ҷомеа дар рушд буда, иқтисодиёташ бо тадриҷ меафзояд ва сатҳи иҷтимоии мардумаш баланд меравад.
Дар фарҷом таъкид мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз бо кӯшишу заҳматҳои Пешвои миллат пояи сулҳу осоиштагиро қавӣ гардонда, ғояи навини давлатсозиро тавассути сулҳу ваҳдат асос гузошт, ки саҳифаи беназири таърихӣ барои имрӯзиёну ояндагон мебошад.
Рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 22 июн қонуни ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нашр кард. Аз ҷумла тибқи тағйирот ба моддаи 90-и ин кодекс, барои бе сабабҳои узрнок ба таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз панҷоҳ соати дарсӣ дар як чоряки соли таҳсил фаро нагирифтани кӯдак аз тарафи падару модар ва ё шахси воқеии дигар, ки кӯдак таҳти тарбияи ӯ қарор дорад, ба андозаи аз даҳ то дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 720 то 864 сомонӣ ҷарима таъин карда мешавад.
Дар баробари ин тағйирот ба моддаи 164-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мавриди амал қарор гирифт, ки тибқи он падару модар барои монеъ шудан ба фарзанд барои гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ, бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 72000 то 86 400 сомонӣ ҷарима ё корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз як саду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 26 июн мақоале бо номи “Қавмро андешаҳо бояд яке” чоп карда, менависад, ки воқеан ҳам, Ватан, ваҳдат, амният ва миллат ҳамдигарро пурра месозанд, ба ҳамдигар тавон мебахшанд. Ба таъбири дигар, ин мафҳумҳо ба ҳам танида шудаанд ва ба дарахти тановари зиндагии мо мубаддал гаштаанд. Дар ҷавҳари ин вожаҳо оби ҳаёт вуҷуд дорад.
Ба таъкиди муаллиф, мо имрӯз мушоҳида мекунем, давлатҳое вуҷуд доранд, ки сокинонаш аз зодбуми худ фирор мекунанд, дар ҷустуҷӯи макони амн ҳастанд. Онҳо наметавонанд дар ватани худ осуда хобанд, нафас кашанд, кор кунанд, ханданд, рақсанд. Дар он кишварҳо одамон бо ҳам ихтилоф доранд, душманӣ меварзанд, ваҳдате вуҷуд надорад, ҷангу бадбахтӣ ҳукмрон аст. Ин ҳақиқатҳо ба мо талқин месозад, ки ба қадри ваҳдату ягонагӣ бирасем.
Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар матлаби дигари хеш хабар додааст, ки дар ноҳияи Рашт, сохтмону ободкориҳо рушд ёфта, ҳар сол даҳҳо иншоот ба истифода дода мешавад.
Таъкид мешавад, ки бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт сохтани 307 иншооти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ дар назар мебошад. Аз ҷумла, ба соҳаи маориф 39 иншоот, тандурустӣ -15, фарҳанг -10, варзиш- 34 ва ба соҳаи савдо ва хизматрасонӣ 69 иншоот тааллуқ дорад.
Боқимонда 17 лоиҳаи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, 2 бинои маъмурӣ, 2 бинои истиқоматӣ, 18 лоиҳаи таъмир ва мумфарш кардани роҳҳо, 36 хати оби нӯшокӣ ва чоҳи амудӣ, 6 иншооти соҳаи сайёҳӣ, 7 ҳавзи моҳипарварӣ, 3 фермаи мурғпарварӣ, фермаи чорводорӣ, 2 сардхона ва 33 иншооти дигари соҳаи хизматрасонӣ мебошанд. Аз ин шумора 129 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар 146 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 27 хабар дод, ки Тоҷикистон боз ба шабакаи воҳиди энергетикии Осиёи Миёна пайваст шуд. Дар ин бора ахиран дар нишасти чаҳоруми вазирони энержии кишварҳои узви СҲШ дар Остона эълон шуд. Дар ин ҷаласа Далер Ҷумъа вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, ки ба истифода додани иншооти зарурӣ барои пайвастшавӣ ба шабакаи ягонаи энергетии Осиёи марказӣ аллакай анҷом дода шуд.
Бояд гуфт, ки шабакаи воҳиди энергетикии Осиёи Миёна дар солҳои 60-уми қарни гузашта дар замони Иттиҳоди шуравӣ таъсис шуда буд.
Тибқи ин реҷа Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавсими сармо обро дар обанборҳо ҷамъа карда ва дар иваз аз Узбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон ангишт ва гази табиӣ дарёфт мекарданд.
Дар фасли тобистон бошад, Тоҷикистону Қирғизистон оби дар зимистон ҷамъшударо барои обёрии заминҳои кишоварзӣ ба ин кишварҳо интиқол медоданд. Ҳамчунин дар тобистон Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳамсоягони худ нерӯи барқи зиёдатиро содирот мекарданд.
Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 26 июн аз бақияи қарзи андоз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар изҳори нигаронӣ мекунад. Аз ҷумла зикр мешавад, ки дар аввали соли равон маблағи умумии қарзи андозҳо дар ноҳияи Мастчоҳ 5 млн 472,1 ҳазор сомониро ташкил дода буд.
Дар заминаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва андешидани чораҳои таъсирбахш аз тарафи кормандони нозироти андоз дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ қарзи андозҳо ба маблағи 389,2 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст ва ҳамин тавр, ба санаи 1 июн баробар ба 5 млн 82,8 ҳазор сомонӣ гардидааст.
Дар ҳамин марҳалаи сипаришудаи соли равон, аз ҷониби кормандони мақомоти андози ноҳияи Мастчоҳ ба суроғаи 660 нафар андозсупорандаи қарздор огоҳиномаҳо ба маблағи умумии 1млн 754,9 ҳазор сомонӣ ирсол карда шуд. Аз ҳисоби огоҳиномаҳои ирсолгардида беш аз 1 млн сомонӣ маблағи андозҳо ба буҷет ворид карда шудааст.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”