Имрӯз дар Академия миллии илмҳои Тоҷикистон аҳли кормандони он дар даст рамзҳои давлатӣ ва бо шиору овезаҳои мутобиқ ба Ваҳдати миллӣ ба роҳпаймоии осоишта баромаданд.
Дар идомаи чорабинӣ Президенти Академия миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуд. Таъкид дошта, ки Ваҳдати миллӣ муҳимтарин арзиши ҷомеаи инсонӣ маҳсуб ёфта, кафолати зиндагии босубот ва шоиста мебошад.
Дар идома бо қарори раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои фаъолияти бисёрсола ва пурсамар дар Академия ва дастовардҳои назараси илмӣ ба ифтихори рӯзи Ваҳдати миллӣ кормандони муассисаҳои илмию таҳқиқотии АМИТ бо ифтхорнома сарфароз гардонида шуданд.
Аз ҷараёни ин чорабинӣ ҳамкорамон Сураё Сироҷиддин хабар дод.