Сафири Тоҷикистон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эътимоднома супорид

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА Завқизода Завқӣ эътимодномаи худро ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп супорид.

Зимни маросим сафири Тоҷикистон дуруду таманниёти неки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп расонид. Дар навбати худ Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пайғоми самимии хешро ба ҳамтои худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуд. 

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба муносибати оғози фаъолият сафири Тоҷикистонро табрик гуфта, ба ӯ дар иҷрои вазифаҳои дипломатӣ комёбиҳо орзу намуд.