Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони дар мавзӯи “Тоҷикистон – Чин: ҳолат ва дурнамои ҳамаҷонибаи стратегӣ дар давраи нав” ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
Дар кори он намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазорату идораҳои марбута, коршиносони варзидаи марказҳои илмӣ- таҳлилии Тоҷикистону Чин ширкат карда, роҷеъ ба дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, нақлиёт ва роҳу воситаҳои тавсеаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ду кишвар мубодилаи афкор намуданд.
Зимни ҳамоиш таъкид рафт, ки баргузории чунин конфронсҳо дар сатҳи маҳфилҳои коршиносӣ ва таҳлилӣ байни Тоҷикистону Чин бори нахуст набуда, тайи зиёда аз 30 соли ҳамкориҳои босамар пайваста миёни ду кишвар сурат мегирад.
Дар рафти ҳамоиши мазкур зимни суханрониҳо ба вазъи муосири муколамаи сиёсӣ ва ҳамкории стратегии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.
Олуфта Шарипова
Радиои “Тоҷикистон”