Тоҷикистон ҳамкориро бо Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир тақвият медиҳад. Дар ин замина дар Деҳлӣ мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо вазири давлатии Ҳиндустон оид ба электроника ва технологияҳои иттилоотӣ Ҷитин Прасада доир гардид, ки дар он масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, таъсиси марказҳои датаҳо ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ карда шуд.
Шералӣ Кабир инчунин бо Вазири савдо ва саноати Ҳиндустон Пиюш Гоял мулоқот намуд.
Зимни он масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои саноат, тиҷорат ва ҷалби сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои коркарди ашёи хом, саноати сабук ва хӯрокворӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, инчунин тавсеаи робитаҳо байни доираҳои соҳибкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, қарор доданд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҳиндустон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникиро баргузор намоянд.
Инчунин доир ба истифодаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва саноатии Тоҷикистон ва таҷрибаи пешрафтаи Ҳиндустон дар соҳаи саноатикунонӣ ва инноватсия табодули назар карда шуд.

