Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд

Бахшида ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» бо шукуҳу шаҳомати хос ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ҳамоиш Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода иброз намуд, ки “таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ буда, имрӯз Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат дар ҳифзи сулҳу субот, амният ва тамомияти арзии давлат нақши калидӣ мебозад”.

Таъкид шуд, ки дар низоми давлатдории муосир Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии пойдории давлат, таъмини амният ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба шумор меравад. Таърихи сиёсии ҷаҳон борҳо собит кардааст, ки бе неруи низомии муназзам, муттаҳид ва касбӣ Истиқлолияти давлатӣ наметавонад устувор бошад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шароити ниҳоят мураккаби солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қарор дошт, таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ амри ҳаётан муҳим ва тақдирсоз буд. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди пуриқтидор, боэътимод ва дорои мавқеи устувор дар ҷомеа муаррифӣ мегардад.

Тазаккур дода шуд, ки сиёсати дурандешона, таваҷҷуҳи доимӣ ба вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, беҳтар намудани шароити зисту хизмат ва баланд бардоштани мақоми афсар дар ҷомеа аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ба таҳкими руҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба Савганди ҳарбӣ мусоидат менамоянд.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон изҳор доштанд, ки «Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсис вазифаҳои муқаддасу пуршараф- ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа ба дӯши онҳо гузошта шуданд».

Давоми 33 сол Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пуршараф ва пурмасъулиятро тай намуда, аз сохтори навбунёд ба неруи боэътимоди давлатӣ табдил ёфтааст. Имрӯз Артиши миллӣ сипари устувори истиқлолият, кафили амнияти кишвар ва ифодаи иродаи қавии миллати тоҷик мебошад. Бо такя ба таҷрибаи таърихӣ, сиёсати дурандешона ва фидокории сарбозону афсарони далер метавон бо итминон гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон минбаъд низ рисолати муқаддас- ҳифзи Ватан, миллат ва сулҳу суботи ҷомеаро бо сарбаландӣ иҷро хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки ҳамоиши идона дар фазои тантанавию ватандӯстӣ баргузор гардид. Дар он намоиши санъати муҳорибаи тан ба тан, дефиле ва барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки аҳли ҳунар манзури ҳозирин гардонида шуд. Ҳамоиш дар таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи садоқат ба Ватан саҳми муассир гузошт.