Масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва таъсиси корхонаҳои нав зимни шиносоии сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» хабар медиҳад, роҳбарияти минтақа меҳмононро бо имконоти мавҷудаи сармоягузорӣ, имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ, инфрасохтори ташаккулёфта ва лоиҳаҳои афзалиятноки дар ҳудуди минтақа амалишаванда муфассал шинос намуд.
Иброз гардид, ки Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» барои рушди фаъолияти истеҳсолӣ ва саноатӣ шароити мусоид ва рақобатпазир фароҳам овардааст.
Ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории судманд изҳори омодагӣ намуданд. Сармоягузорони эронӣ ба имконоти фароҳамгардида баҳои баланд доданд.
