18 июн вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо Раиси Фонди сармоягузории Швейтсария барои бозорҳои рушдёбанда (SIFEM) Йорг Фриден баргузор гардид. Дар ин хусус аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Фонди сармоягузории Швейтсария барои бозорҳои рушдёбанда (SIFEM)-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.