Масъалаи густариши ҳамкории дуҷонибаи Бонки миллии Тоҷикистон бо Дафтари ҳамкории иқтисодии Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (SECO) дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо мудири барномаҳои макроиқтисодии SECO дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Роналд Гиндрат дар Душанбе баррасӣ гардидааст.
Шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар дода, илова намудааст, ки дар мулоқот Раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз дошт, ки шарикӣ бо ин ташкилоти бонуфуз имкон дод, то тайи солҳои охир дар бахши молия ва низоми бонкӣ як қатор ислоҳоти муҳим татбиқ гардад. Аз ҷумла, дар доираи лоиҳаҳои SECO ба якчанд дастурамалу низомномаҳои бахши назорати бонкӣ, аз қабили идоракунии корпоративӣ, суботи молиявӣ, қарзҳои батаъхирафтода ва дигар воситаҳои танзими бонкӣ тағйирот ворид гардид, ки онҳо натиҷаҳои назаррас нишон доданд.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро дар татбиқи лоиҳаҳои минбаъдаи ислоҳоти бахшҳои бонкӣ бо мақсади таҳкими механизмҳои танзиму назорати фаъолияти ташкилоти молиявии қарзӣ, фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии идоракунии буҳрон дар бахши молиявӣ, таҳияи моделҳои санҷишии макростресс, ҷалби мушовирон барои рушди бозори коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон, таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба татбиқи модули IFT ва татбиқи Нақшаи чорабиниҳо дар доираи «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» иброз намуданд.