Аз Тоҷикистон 12 нафар мактаббачагон дар шаҳри Лондон дар Олимпиадаи байналмилалии GREENWICH «IGO» иштирок намуданд

Аз 8 то 15 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Лондони Шоҳигарии Британияи Кабир Олимпиадаи байналмилалии GREENWICH «IGO» (Лоиҳасозӣ) аз руйи 12 равия миёни наврасони 25 давлати дунё баргузор гардид.

Ин олимпиадаи бонуфузи ҷаҳонӣ бо фарогирии зиёда аз 350 нафар доир гардид. Дар ин бора аз МД Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба хабарнигори радиои Тоҷикистон Савинози Сайдалӣ, хабар доданд.

Гуфта шуд, ки дар олимпиадаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро 12 нафар мактаббачагони муассисаи таълимии хусусии Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳайати 4 даста намояндагӣ намуданд.  Дастаҳо дар се самти табиӣ-риёзӣ ва як соҳаи истеҳсоли филм рақобат карданд. Лоиҳаҳои онҳо бо равишҳои навоварона ва сатҳи баланди иҷроишашон таваҷҷуҳи ҳакамонро ба худ ҷалб карданд. Ҳамин буд, ки наврасони тоҷик дар олимпиадаи сатҳи баланд сазовори 9 ҷойи намоён – 1 ҷои якум, 2 ҷои дуюм ва 6 ҷои сеюм гардиданд. Ин дастовардҳо аҳамияти сармоягузорӣ ба таҳсилот ва дастгирии истеъдодҳои наврасро дар Тоҷикистон ифода карда, бозгӯкунандаи он аст, ки имрӯз таваҷҷуҳи наврасони кишвар ба илмомӯзӣ бештар гардида истодааст.

Сарвинози С. радиои “Тоҷикистон”