Филмҳои мустанад оид ба мавзеъҳои сайёҳии «Чилучорчашма» ва «Кӯли кабуд» муарррифӣ гардиданд

Дирӯз дар шаҳри Душанбе зимни суҳбати «мизи гирд» бо иштироки коршиносону масъулини соҳаи сайёҳии мамлакат филмҳои мустанади «Чилучорчашма» ва «Кӯли кабуд» муаррифӣ шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар додааст..

Тавре дар хабар гуфта мешавад, филмҳои мазкур бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Хуршед» ва МД «Ҷаҳоннамо» бо мақсади ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои табиӣ ва баланд бардоштани ҳувияти фарҳангӣ таҳия гардидаанд.

Чилучорчашма зиёратгоҳ ва оромгоҳи маъруф дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон буда, дар километри 230-юми ҷануби шаҳри Душанбе воқеъ аст. Он миёни мардум ҳамчун 44 чашмаи шифобахш, мавзеи дорои таърихи беш аз дуҳазорсола шинохта шудааст.

Чилучорчашма дар Тоҷикистон ва дар Ӯзбекистони ҳамсоя хеле машҳур аст. Дар ин мавзеъ аз паи теппаи начандон баланд панҷ чашмаи калон фаввора зада, ба 39 чашмаи майда тақсим мешаванд. Оби ҳамаи чашмаҳо якҷоя шуда, ҷӯйбори калони паҳноияш 10- 12-метраро ташкил медиҳад ва дар он моҳии зиёде мавҷуд аст.

Дар инҷо мӯъчизае, ки аз ҳама бештар сайёҳонро ба худ ҷалб намудааст, ин моҳиҳо ва морони «Чилучорчашма» мебошанд. Моҳиҳо бо ҷараёни об ба поён намераванд, балки дар худи сарчашмаи обҳо шино мекунанд. Морҳо аз болои моҳиҳо гузашта, ба онҳо ҳамла намекунанд. Чилучорчашма мавзеи зиёратӣ, истроҳатию рекреатсионӣ ба шумор рафта, дар инҷо сайёҳии зиёратӣ, истироҳатӣ ва табобатӣ хеле рушд ёфтааст.

Тибқи иттилои масъулин, дар мавсими гармо дар як рӯз аз 1000 то 1500 нафар ба ин макон барои истироҳату фароғат ва зиёрат меоянд.

Имрўз дар ҳудуди чашма боғи калони дарахтони мевадор мавҷуд буда, ҳамчунин барои зиёраткунандагон чанд хона сохта шудааст. Зиёраткунандагон асосан аз моҳи апрел то моҳи сентябр ба ин мавзеъ ташриф меоранд.

Дар заминаи татбиқи Лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ оид ба «Рушди иқтисодиёти деҳот» мавзеи мазкур бозсозӣ гардида, имконоти хизматрасонӣ ба сатҳи байналмилалӣ бароварда мешаванд. Ҳамчунин дар атрофи мавзеи истироҳатии «Чилучорчашма» иншооти ёрирасони хизматрасонӣ барои меҳмону сайёҳон бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

«Кӯли кабуд» дар сари шоҳроҳи ноҳияи Сангвор қарор дорад. Оби мусаффо, табиати биҳиштосо, қуллаҳои сарбафалаки он ба шаклҳои гуногун, ба ҳар қолабе ба назар менамояд. Ранги оби он нилобию осмонӣ буда, атрофи сарсабзу гулрези он воқен ҳам дилкаш аст.

Атрофи «Кӯли кабуд»-ро ба истиснои дарахтони кӯҳӣ, меваҳои буттагӣ, аз қабили ангат, анори японӣ, қулфинайи даштӣ, ангури кӯҳӣ, зулол, настаран, гулҳои худрӯй, ба монанди бобуна, наънову ҳулбӯ ва гиёҳҳои дигари шифоӣ иҳота кардаанд. Соҳили онро найзорони баландқомат иҳота кардаанд, ки ҳар яке аз қаъри об реша давонда, аз 3 то 10 метр дарозиро дар бар мегирад. Кӯли кабуд дар рӯ ба рӯи ду кӯҳи мӯъҷизаангезе, ки яке Арӯс ва дигаре Шаҳ ном дорад, аз замонҳои хеле қадим пайдо шудааст. Дар қуллаи кӯҳи Арӯс тасвири гули лола аст, ки табиат бо дасти хеш мусаввирияш кардааст. Онро мусаввир ончунон бо рангҳои гулобу нилобӣ оро додааст, ки таваҷҷуҳи кӯҳи Шаҳро ба ҷониби хеш мекашад. Агар ба кӯҳи Шаҳ низ назар афканем, шоҳиди манзараи хеле ҷолибе мегардем, ки гӯё ҳамеша ҷилову тобиши гули лоларо тамошо мекунаду мисли сафи аскарон қомат афрохта, кӯҳи Арӯсро ҳифз мекарда бошад. Аз ин рӯ, сокинони маҳал ин ду кӯҳи ошиқро Арӯсу Шаҳ номидаанд.

Аз зери кӯҳи шафати ҳавзи мазкур чашмаҳое ҷорӣ мешаванд, ки ҳамрангу тобиши кӯҳҳои Арӯсу Шаҳ буда, ба кӯли кабуде табдил ёфтаанд. Ранги оби кӯл ба сони оина рӯшан аст, ки метавонад манзараи кӯҳро бо осмони софу беғубор дар як тавсир рӯи об нишон диҳад, абрпораҳои осмонӣ дар рӯи об гӯё ки шино мекарда бошанд, дар қиёс бо ранги осмон тобиши оби кӯл боз ҳам нилобитар мегардад.

Субҳи барвақт рӯи об ҳуббобчаҳое пайдо мешаванд. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки қаъри об гази оксигенро дар шакли ҳубобчаҳо болои об мебарораду он ба кафк табдил меёбад. Ҳангоми офтоббаро кафи рӯи обро аллакай дигар пайхас кардан номумкин аст. Ҳамчунин дар оби он намудҳои гуногуни маъданҳое мавҷуданд, ки барои инсону наботот манфиатбахшанд.

Воқеан мавзеъҳои Чилучорчашма ва «Кӯли кабуд» аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои атрофи осмонбӯс, чашмаҳои зериобии шифоӣ ва ранги мусаффою нуқрафомашон дар олам нотакрор буда, беҳтарин макони сайру саёҳатанд.

Вусъатбахшии инфрасохтори сайёҳии атрофи онҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, дастгирии сайёҳӣ бо дарназардошти баланд бардоштани маърифати экологӣ Чилучорчашма ва «Кӯли кабуд»-ро ба мавзеъҳои доимии сайёҳӣ табдил хоҳанд дод.

Бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ дар самти тарғибу муаррифии ҳар як минтақаи назаррабои мамлакат ба ширкатҳои сайёҳӣ тавсия дода шудааст, ки бо пешниҳоди хатсайрҳои нави сайёҳӣ хизматрасониро барои боздиди сайёҳон бештар ба роҳ монанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *