Истихроҷ ва истеҳсоли барзиёди тилло, нуқра, хокаи мис ва сурма дар нӯҳ моҳи соли равон. Маълумоти расмӣ

Вазорати саноат ва технологияҳои нав фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати маъданҳои куҳиро дар нўҳ моҳи соли 2020 интишор кардааст, ки бино ба маълумотҳои ин Вазорат истеҳсолу истихроҷ аз нақша барзиёд иҷро гардидаанд.

Дар маълумотнома гуфта мешавад, ки корхонаҳои соҳаи саноати маъданҳои кўҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо дар нўҳ моҳи соли 2020 ба маблағи 5442,7 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, суръати афзоишро назар ба ҳамин давраи соли 2019 112,5% ё ин, ки 603,7 млн сомонӣ зиёд таъмин намуданд, аз ҷумла:

– тилло 110,2 %,

– нуқра 102,4 %,

– хокаи мис 119,1 %,

– сурмаи металлӣ 173 % зиёд истеҳсол карда шудааст.

Дар таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои болозикр саҳми ҶДММ КМ “Зарафшон”, ҶДММ «Пакрут», ҶДММ “Шимшо”, ҶМ ТК ММ “Апрелевка”, ҶДММ «Ширкати металлургии «Анзоб», ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кўҳӣ” ва ҶДММ “Заринк” назаррас будааст. Инчунин, ҳиссаи соҳа дар маҳсулоти умумии корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ 25,7%-ро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми фурўши умумии маҳсулоти корхонаҳои саноати кўҳӣ ҳамагӣ 4089,3 млн сомонӣ буда, аз он ҷумла содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар 1456,5 млн сомонӣ ё ин, ки ба 141,2 млн. доллари ИМА баробар мебошад.

Тибқи ин дар давраи ҳисоботӣ як корхона ва ду коргоҳ мавриди ифтитоҳ қарор дода шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТАЛКО Флюорит” фабрикаи бойгардонӣ дар заминаи кони флюорити “Қазноқ”-и ноҳияи Айнӣ бо иқтидори коркарди солонаи 300,0 ҳаз. тонна маъдан, навбати дуюми заводи металлургии истеҳсоли сурмаи металии ҶДММ «Ширкати металлургии Анзоб» ва коргоҳи заргарии “Одина” дар мавзеи Чилчанори ноҳияи Ховалинг аз ҷониби Кооперативи тиҷоратии “Артели заршӯии Одина” мавриди истифода қарор дода шуданд. Коргоҳи заргарии “Одина” аз ду утоқи коркарди тилло ва ду мағозаи фурӯши маҳсулоти заргарӣ иборат буда, бо дастгоҳҳои ҳозиразамони коркарди маснуоти заргарӣ таъмин карда шудааст.

Бо мақсади муайян намудани самтҳои асосии рушди саноати кўҳию металлургӣ, азхудкунии конҳои металлҳои ранга ва сиёҳ, истихроҷу коркарди онҳо ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар соҳа «Барномаи рушди соҳаи металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025» қабул шудааст.

Дар доираи барномаи мазкур, бунёди заводи металлургии мис аз ашёи хоми маҳаллӣ аз ҷониби ҶДММ КМ “Зарафшон” оғоз гардида, бо амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур истеҳсоли зиёда аз 5000 тонна миси металлии навъи А, як миқдор тилло ва нуқраи холис дар як сол пешбинӣ карда шудааст.

Айни замон, корҳои муҳандисӣ-геологӣ, муҳандисӣ-ҷустуҷўӣ ва тахту ҳамворкунии майдони сохтмон ба итмом расида, сохтмони таҳкурсии корхонаи мазкур оғоз гардидааст.

Ҳамзамон, дар доираи “Барномаи саноаткунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” ҶСП «Талко Голд» сохтмони фабрикаҳои бойгардонӣ ва иншоотҳои ёрирасон дар заминаи гурўҳи конҳои «Кончоч бо иқтидори коркарди солонаи 1,5 млн тонна маъдан ва ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кўҳӣ» дар заминаҳои конҳои тиллои “Кумарғи боло” ва “Дуобаи Шарқӣ” бо иқтидори коркарди солонаи 900 ҳаз тонна маъдан идома доранд.

Бо амалӣ намудани лоиҳаҳои болозикр, беш аз 300 млн. доллари ИМА сармоя ҷалб карда гардида, зиёда аз 2200 ҷойҳои кории нав таъсис дода мешавад.

Бояд иброз намуд, ки сирояти коронавируси навъи COVID-19 ба иҷроиши нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва иҷроиши барномаҳои соҳавию минтақавӣ таъсири манфии худро расонид.

Сарфи назар аз мушкилоти пайдоиши сирояти коронавируси навъи COVID-19, корхонаҳои соҳаи саноати коркарди маъдан нақшаҳои пешбинишударо иҷро намуда, тибқи роҳнамоиҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) фаъолияти истеҳсолии худро ба роҳ мондаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ шумораи коргарони соҳа 11364 нафар ва музди миёнаи моҳонаи як нафар корманд 4481 сомониро ташкил медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *