Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла баргузории Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, муҳимтарин нукоти суханронии сарвари давлат дар ҷаласаи Шурои миллии рушд, вазъи фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар, роҳандозии дурбинҳо ва радаҳои худкор дар роҳҳои пойтахт ва дигар мавзуҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 11 июн мақолае бо номи “Об ва ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат ба нафъи башарият” чоп карда, менависад, ки Тоҷикистон, бо дарназардошти афзун гардидани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба масъалаҳои об ва муҳимияти захираҳои обӣ, барои ноил гардидан ба рушди устувор масъалаҳоро вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ тавсеа мебахшад.
Ба гуфтаи муаллиф, бартараф накардани мушкилоти вобаста ба об метавонад омили асосии бархӯрди қудратҳову тамаддунҳо шавад, аз ин лиҳоз қобилияти дарки саривақтии ин мушкил ва пешниҳоди тадбирҳо ва талошҳои пайгирона дар роҳи ҳалли он аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.
Дар идома зикр мешавад, ки Пешвои миллат ба зарурати қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» диққати махсус дода, афзоиши аҳолию раванди шаҳрнишинӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйири иқлим, инчунин, набудани имконот барои таъмини истифодаи мақсадноки обро аз омилҳое номиданд, ки ба норасоии об оварда мерасонанд.
Ҳамзамон боиси сарфарозист, ки 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи умумии СММ ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсус тасдиқ намуд ва соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид. Яъне, қабули чунин қатънома шаҳодати идомаи татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар мавзуи обу иқлим мебошад.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 12 июн мақолае таҳти унвони “Агар илм бо истеҳсолот тавъам набошад…” нашр карда, бо ишора ба нуктаҳои муҳими мулоқоти ахири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар менависад, ки дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбад, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд.
Ба таъкиди муаллиф, боиси нигаронист, ки саҳми илми ватанӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар қариб ба назар намерасад. Ин дар ҳолест, ки агар илм бо истеҳсолот тавъам набошад, натиҷаҳои илмӣ барои дилхоҳ кишвар муфид нест.
Бинобар ин, ба назари муаллиф, илми муосир бояд бо навигариҳои инноватсионӣ ва технологӣ муаррифӣ шуда, дар тақвият пазируфтани сатҳи ҷаҳонбинии дунявӣ нақши муассире бигзорад, вагарна бо шароит фароҳамоварии таҳқиқи илмӣ ҳеҷ кадом ниҳоди илмӣ наметавонад дар таъмини рушди кишвар нақши мусбатро бозӣ кунад.
Муаллиф дар идома менавсиад, ки агар мо дилхоҳ пажӯҳишро бобати нақши онҳо дар рушди илми ватанӣ таҳқиқ намоем, саранҷом мушоҳида мекунем, ки пас аз расидан ба унвонҳои баланд ва дараҷаҳои олии илмӣ олимон дигар ба фаъолияти густурда машғул намешаванд. Яъне, ба ибораи дигар, соҳибунвонии аксар даъвогарон ҷанбаҳои молиявӣ дошта, ин амал аз хотири болорави сатҳи маош роҳандозӣ мешавад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 10 июн хабар медиҳад, ки дар доираи лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон бинои нави беморхонаи марказӣ ва маркази саломатӣ бунёд мегардад. Аллакай 70 дарсади корҳои сохтмонӣ дар иншоот ба анҷом расидааст.
Бинои ин иншооти соҳаи тандурустӣ сеошёна буда, барои 66 кат пешбинӣ шудааст. Дар бинои зикршуда, инчунин, муассисаи кумаки аввалияи тиббии ноҳия низ ҷойгир хоҳад шуд. Тибқи нақша бино соли равон ба истифода дода мешавад.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 12 июн идомаи мақолаи талилгар Шералӣ Ризоёнро бо номи “Ислоҳоти илм аз куҷо оғоз ёбад?” чоп кардааст.
Муаллиф дар дар ин мақола пешниҳод мекунад, ки барои муаррифии асарҳои илмӣ ва пешгирии сирқат ва асардуздӣ аз ҷониби ниҳодҳои ваколатдори соҳа “Низоми миллии шохиси интишороти илмию пажӯҳишӣ” роҳандозӣ гардад.
Дар идома ба назари муаллиф, имрӯзҳо аз кишвар бинобар сабабу омилҳои гуногун на танҳо олимону пажӯҳишгарон, балки пизишкон, омӯзгорон ва дигар мутахассисони соҳибкасб ба хориҷа барои зиндагии доимӣ мераванд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи вай гирифтани пеши роҳи “фирори мағзҳо” аз кишвар ва бозгардонидани беҳтарин мутахассисони ватанӣ, ки дар муассисаҳои таълимӣ ва пажӯҳишии давлатҳои пешрафта кору фаъолият доранд, аҳамияти фавқулодда муҳим дорад.
Дар фарҷом муаллиф таъкид мекуанд, ки рукни муҳими рушди илм ва пажӯҳиш дар кишвар – ин таъмини озодии академикӣ аст, то олимони ватанӣ бо ҳамкасбони хориҷии худ иртиботи васеъро ба роҳ монанд, мубодилаи афкор кунанд ва дар ҳамоишҳои байналмилалӣ бидуни маҳдудияти ширкат кунанд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи 13 июн рӯзи хабар дод, ки дар роҳҳои Душанбе дурбинҳои худкор ва радарҳо аз рӯзи 20 июн ба кор оғоз мекунанд. Гуфта мешавад, ки ин таҷҳизот 9 намуди вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳро сабт мекунанд. Аз ҷумла, дурбинҳои худкор аз афзоиши суръати ҳаракат, нодида гирифтани чароғи роҳнамо, баромадан ба муқобили ҳаракати роҳ ва таваққуф дар ҷойҳои манъшударо сабт мекунанд.
Тибқи нақша дар пойтахт тадриҷан дар 135 чорроҳа ва қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингард беш аз 317 дурбини худкори назоратӣ насб карда мешавад.
Дар баробари ин нашрия хабар медиҳад, ки аз рӯзи 20 июн дар шаҳри Душанбе таваққуфгоҳҳои пулакӣ ба фаъолият шуруъ мекунанд. Гуфта мешавад, ки 10 дақиқаи аввали таваққуф ройгон буда, баъд аз он ҳар соати истодани мошин 3 сомонӣ арзиш дорад. Барои мошинҳои хадамоти таъҷилӣ ва инчунин маъюбони гурӯҳҳои I ва II истифода аз чунин таваққуфгоҳҳо ройгон аст.
Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 13 июн матлабе бо номи “Минтақаҳои озоди иқтисодӣ” чоп кардааст, ки дар он натиҷаи таҳлилу омӯзиши фаъолияти ширкатҳои сабтшуда минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар оварда шудааст.
Кумитаи андози Ҳукумати Тоҷикистон дар ин матлаб аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки баъзе аз ширкатҳо пас аз бақайдгирӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳанӯз ҳам ба фаъолият шуруъ накардаанд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, аз ҷумла, дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 13 адад, «Данғара» 6 адад, «Панҷ» 2 адад, «Кӯлоб» 1 адад ва «Ишкошим» 5 ширкати сабтшуда то ҳол фаъолиятро оғоз накардаанд.
Ба унвони мисол зирк мешавад, ки тибқи созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ширкати сармоягузорию рушди «ХЕЛИ»-и Чин, ширкати «ТК ОЙЛ – Корхонаи коркарди нафти Данғара» мебоист дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» корхонаи коркарди нафтро сохта ба истифода медод.
Аммо ба гуфтаи ин ниҳод, новобаста аз сипарӣ шудани муҳлати тӯлонӣ, иҷрои шарту талаботи дар созишнома муқарраршуда то кунун пурра таъмин карда нашудааст.
Дар идома гуфта мешавад, ки тибқи маълумоти гумрукӣ дар соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи ширкатҳои сабтшуда дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ воридоти мол дар маҷмуъ, 252,3 млн сомонӣ ва содироти маҳсулот 364,6 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 мутаносибан 3,6 млн сомонӣ ва 30,1 млн сомонӣ кам мебошад.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”