Дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028», ки то 13 июни соли 2024 дар Душанбе доир мегардад, дар меҳмонхонаи “Кангурт Гранд Ҳотел” – и пойтахт Форуми илм ва технология оғоз гардид.
Ташкилкунандагони форум USAID, Институти байналмилалии идоракунии захираҳои об, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад.
Форуми мазкур барои намояндагони муассисаҳои илмии пешрафтаи байналмиллалӣ, минтақавӣ ва миллӣ бо мақсади таҳкими робитаҳо ва табодули иттилооти илмӣ барои фароҳам овардани фазои мусоид барои тадқиқоти байни муассисавӣ ва байнисоҳавӣ ҷараён дорад. Ҳадафи Форум дар як нуқта муттаҳид кардани академикҳо, муҳаққиқон ва олимони саросари ҷаҳон барои табодули иттилоот, таҷрибаи пешқадам ва натиҷаҳои тадқиқот барои ҳалли мушкилоти марбут ба об дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
Нуралӣ Давлат