Имрӯз дар боғи Куруши Кабири шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи тарғиботию ташвиқотӣ таҳти унвони “Оилаи солим – пойдевори ҷомеи солим” баргузор гардид. Ҳамзамон дар доираи ин чорабинӣ ба хотири арҷгузор ба фарҳанг, тамаддун ва либоси миллӣ, аксияи “Тоҷикона мепӯшем” доир шуд, ки дар он занону бонувон аз вазорату кумитаҳои кишвар, муаллимаҳо ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Аксияи таҳти унвони “Оилаи солим – пойдевори ҷомеи солим” аксияи “Тоҷикона мепӯшем” дар доираи рӯзи оила ва соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 баргузор гардида, дар раванди он аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, дастурҳои методӣ омодаю паҳн карда шуд. Сабоҳат Рустам роҳбари дафтари Хадамоти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат ба мо гуфт, ки дар баробари паҳн кардани дафтарчаҳо мо ба мардум маслиҳатҳои ҳуқуқию равонӣ мерасонем.
Нурия Назарбекова омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон зимни суҳбат ба мо гуфт, ки якҷоя бо донишҷӯн ба аксияи рӯзи оила ва аксияи тоҷикона мепӯшем омода, аз маслиҳатҳои равоншиносон ва ҳуқуқшиносон бархурдор гардидем.
Мавҷигул Ҷураева мутахасиси пешбари шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки аксияи тоҷикона мепӯшем давоми шаш сол мешавад, ки ҷараён дорад ва мақсад аз баргузории он, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшии миллӣ ва аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ мебошад.
Ҳамчунин дар доираи баргузории аксияи тарғиботию ташвиқотӣ таҳти унвони “Оилаи солим – пойдевори ҷомеи солим” ва аксияи тоҷикона мепӯшем, намоиш-фурӯши намунаи ҳунарҳои мардумӣ доир шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз барузории аксияи тарғиботию ташвиқотӣ таҳти унвони “Оилаи солим – пойдевори ҷомеи солим”, ин баланд бардоштани маърифати шаҳрвандию сиёсӣ, ҳуқуқию оиладорӣ ва ба ин васила омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, инчунин пешгирӣ намудани равандҳое, ки ба пошхурии оила оварда мерасонанд, арзёбӣ мегардад.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”