“Тандурустии ҷавонон тандурустии миллат аст, зеро маҳз тавассути фарогир сохтани варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва оммавӣ гардонидани он мо метавонем барои ҳаёти солим ва пешрафти ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварем.”
Эмомалӣ Раҳмон
Футбол яке аз бахшҳои асоситарини соҳаи варзиш ба ҳисоб рафта, он миёни оммаи мардум ҳаводорони бешуморро ба худ касб намудааст. Маҳбубияти ин навъи варзиш дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус миёни наврасону ҷавонон мавқеи асосӣ дошта, ин қишри ҷомеаро тавонистааст ба ҳам биёрад.
Дар қатори дигар давлатҳое, ки барои рушди ин соҳаи варзиш саҳми назаррас доранд, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои рушди ин намуди варзиш тамоми имкониятҳоро пиёда сохтааст. Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ин навъи варзиш тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар ин баробар як қатор барномаҳо ба тавсиб расидааст.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи барномаҳои рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас дошта, тавонистааст, барои дар сатҳи зарурӣ иҷро намудани барномаҳои мазкур саҳмгузор бошад.
Яке аз ин чораҳои номбаргардида қабули “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2012-2016” ба ҳисоб мерафт, ки бо қабул гардидани барномаи мазкур тавонистанд, миёни наврасони ҷавонон чорабиниҳои таъсирбахшро бо мақсади тарғибу ташвиқи ин намуди варзиш дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ба роҳ монанд. Дар натиҷаи амалигардии барномаи миёнамуҳлат барои солҳои 2012-2016 шароити муносиб ҷиҳати ҷалби аҳолӣ ба футбол, заминаи мусоид дар мутобиқгардонии инфрасохтори соҳаи футбол ба талаботҳои ҷаҳонӣ, таъмиру азнавсозии иншоотҳои марбут ба футбол, пайдо намудани истеъдодҳои нав дар байни наврасону ҷавонон, гузоштани замина барои рушди футболи касбӣ дар кишвар ба миён омад.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки рушди футболи тоҷик дар даврони Шуравӣ низ назаррас буд. Бо истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми футболи тоҷик боз ҳам боло рафт ва имрӯз тавониста истодааст, дар баробари дигар давлатҳои пешрафта рақобат намояд.
Ин ҳама пешрафт дар соҳаи варзиш пеш аз ҳама бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аст, ки пайваста барои рушд ва такомули ин риштаи варзиш миёни аҳолӣ тамоми тадбирҳои саривақтиро меандешанд.
Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 9 феврали соли 2024 бори нахуст ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки нақши муҳими футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ дарк ва пазируфта шуда, бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии СММ расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад.
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ин пешниҳоди ҷониби Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, қатъномаро оид ба эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки ба ҷуз аз Тоҷикистон ду давлати дигар, аз ҷумла Баҳрайн ва Либия низ онро дастгирӣ карданд, қабул намуд. Дар қатънома аҳамияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз гузаронидани чорабиниҳои бузурги варзишӣ таъкид шудааст.
Ҳамин тариқ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро дар бораи Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намудани 25 май якдилона пазируфтанд ва аз баргузории бештари мусобиқаҳои варзишӣ ҷонибдорӣ намуданд.
Ин рӯйдоди таърихиро тамоми мардуми сарбаланди тоҷик барои густариш ёфтани соҳаи вардиш дар мамлакат бахусус футболи тоҷик фоли нек медонанд ва ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро дастгирӣ менамоянд.
Шавкат ОСТОНАЕВ,
корманди Академия идоракунии давлатӣ