Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар маҷаллаҳои нашриётӣ ва электронии Покистон инъикос гардиданд

Дар нашрияҳои маъруфи  Покистон бо забонҳои англисӣ ва урду таҳти унвони «Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи об пешсаф аст» мақолаҳо ба нашр расиданд, ки ба ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об бахшида шудаанд. Дар ин бора сомонаи расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон хабар медиҳад.

Дар мақолаҳо 5 ташаббуси глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013»,  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шудани соли 2025 шарҳу тавзеҳ ёфта, аҳамияти бузурги онҳо дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об таъкид шудааст.

Дар хулосаи мақолаҳо, ки бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Исломобод ба нашр расидааст, гуфта шудааст, ки ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об, пеш аз ҳама, ба таҳкими ҳамкорӣ ва танзими муносибатҳо дар ин соҳаи ҳаётан муҳим нигаронида шуда, назари навро дар истифодаи захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон талқин ва барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор роҳро ҳамвор менамоянд.