Дар ноҳияи Нуробод ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ паради ҳарбӣ баргузор гардид

Дар шаҳраки Дарбанд — маркази маъмурии ноҳияи Нуробод ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паради ҳарбӣ доир гардид.

Дар он қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ иштирок намуданд.

Иштирокчиёни парад бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ аз назди минбар гузаштанд. Ин гузашти низомӣ аз омодагии онҳо ба ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини амнияти кишвар дарак медиҳад.

Паради ҳарбӣ дар ноҳияи Нуробод бори дигар собит намуд, ки аҳли ҷомеаи ин минтақаи кишвар барои ҳифзи марзу буми Ватан ва арзишҳои истиқлол ҳамеша омодаанд.