Дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ду майдончаи варзишӣ ва бинои иловагии муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуданд.
Ду майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Дурбат бунёд гардида, барои фароҳам намудани шароити мусоид ҷиҳати машғулияти варзишӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш пешбинӣ шудаанд.
Зимни маросими ифтитоҳ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иншооти навро туҳфаи арзишманд ба сокинони Ҷамоати деҳоти Дурбат дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод бинои иловагии нави муассисаи таълимӣ мавриди истифода қарор гирифт. Бино бо назардошти талаботи замони муосир сохта шуда, барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва фароҳам овардани муҳити муносиб барои хонандагон замина мегузорад.
Ба истифода додани чунин иншооти иҷтимоию варзишӣ дар остонаи ҷашни Истиқлол аз тадбирҳои созанда дар самти рушди маорифу варзиш ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон дар шаҳри Ҳисор дарак медиҳад.
