Вазъият бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳҳои Москва дармондаанд, мушкил боқӣ мемонад.
То охири рӯзи 27 апрел дар минтақаи нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони Фурудгоҳи байналмилалии Внуковои пойтахти русия 954 шаҳрванди Тоҷикистон бидуни таъмини шароити муносиби санитарӣ қарор доранд. Дар байни шаҳрвандони дармонда донишҷӯени тоҷик ҳастанд, ки дар қаламрави Русия аз ҳисоби квотаҳои таълимии Ҳукумати Федератсияи Русия таҳсил мекунанд.
Аз шумораи умумии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи Внуково дармондаанд, пас аз соатҳои зиёди интизорӣ 322 нафарро ба қаламрави Русия роҳ додаанд. Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи мавҷуда, мақомоти Русия ният доранд, ки 306 нафарро ба истилоҳ “рӯйхати хориҷшудагон” ворид кунанд. Шумораи бевоситаи онҳое, ки аллакай ихроҷ шудаанд, 27 нафарро ташкил медиҳад. Чунин чораҳои маҳдудкунанда танҳо нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон татбиқ мешаванд.
Дар фурудгоҳҳои Жуковский, Домодедово ва Шереметевои пойтахти Русия низ вазъияти мураккаб мушоҳида мешавад, ки даҳҳо тоҷикистонӣ дар минтақаҳои нигоҳдории шаҳрвандон бе шароити зарурӣ қарор доранд.
Азбаски шаҳрвандони дармондашудаи Тоҷикистон бо миқдори кофии ғизои гарм таъмин карда намешаванд, аз ҷониби дипломатҳои тоҷик дар ҳамкорӣ бо намояндагони диаспора ба фурудгоҳи Внуково хӯрок расонида шуда истодааст.
Илова бар ин, ба мақсади расонидани кумаки зарурӣ ба ҳамватанон дар маҳал хадамоти консулии намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Москва ситоди фаврии шабонарӯзӣ боз кардааст.