Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаршараи машҳури Ниагара дар Амрикои Шимолӣ бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон мунаввар шуд.
Тибқи маълумоти расмии Niagara Parks, шаби 8 сентябр шаршараи Ниагара аз соати 22:00 то 22:15 бо рангҳои сурх, сафед ва сабз равшан гардид. Ин иқдом ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуд.
Бо назардошти фарқи вақти Душанбе ва Ню-Йорк, равшанкунии Ниагара соати 7-и субҳи 9 сентябр ба вақти Душанбе сурат гирифт.
