35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОКУ БО ТАНТАНА ТАҶЛИЛ ГАРДИД

4 сентябр дар шаҳри Боку бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар дод, дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатии Озарбойҷон, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ, намояндагони доираҳои сиёсӣ, соҳибкорӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, вакилони Парлумон, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҳамватанони муқими ин кишвар иштирок намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон зимни суханронӣ дастовардҳои асосии кишварро дар даврони соҳибистиқлолӣ муаррифӣ карда, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва рушди Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуд.

Вазири рушди рақамӣ ва нақлиёти Ҷумҳурии Озарбойҷон Рашад Набиев низ сатҳи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷонро баланд арзёбӣ намуда, ба густариши минбаъдаи дӯстӣ ва шарикии стратегии ду кишвар изҳори умед кард.

Бахши фарҳангии чорабинӣ бо барномаи консертии суруду рақсҳои миллии тоҷикӣ идома ёфт. Ҳамзамон, барои меҳмонон намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла либосҳои миллӣ, сӯзаниву попурӣ, гулдӯзии «чакан» ва дигар намунаҳои ҳунари тоҷик баргузор гардид.

Дар фарҷоми чорабинӣ меҳмонон бо дастархони тоҷикона ва таомҳои миллии Тоҷикистон низ ошно шуданд.