Ба иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, шоми имрӯз аз соати 17:00 то 22:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути хиёбони Исмоили Сомонӣ ва кӯчаи Низомии Ганҷавӣ муваққатан маҳдуд мегардад.
Аз ронандагон даъват шудааст, ки аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода намуда, аз таваққуфи нодуруст дар масирҳои зикршуда худдорӣ кунанд.
