Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман – Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон, оғози даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Артиши миллӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои кишвар ва дигар мавзуҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 4 апрел мақолае бо номи “Тоҷикистон ва Туркманистон. Аз самимияти дӯстӣ бо фатҳи уфуқҳои нави ҳамкорӣ” чоп кард.
Муаллиф менависад, ки тамосҳои сиёсӣ дар сатҳи олӣ дорои ҳусни эътимод буда, сафарҳои расмии мутақобилаи сарварони давлатҳо дар таърихи муносибатҳои дуҷониба самтҳои авлавиятноки ҳамкориро муайян намуданд. Аз ҷумла, моҳи ноябри соли 2017 зимни сафари расмии Президенти вақти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон Аҳднома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид, ки он муносибатҳои ду давлатро ба сатҳи сифатан нав баровард.
Аз сӯи дигар муаллиф таъкид мекунад, ки бо ташаббуси роҳбарияти сатҳи олии ду давлат Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон ва Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд, ки барои густариши муносибатҳои дӯстӣ байни мардумони ду кишвар ва таҳкими робитаҳои бисёрҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон саҳми назаррас мегузоранд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 3 апрел матлабе дар мавриди пайомадҳои тағйирёбии иқлим барои пиряхҳо дар Тоҷикистон чоп кард. Муаллиф менависад, ки агар раванди тағйирёбии иқлим густариш ёбад, то соли 2050 дар Тоҷикистон бисёр пиряхҳои то як километри мураббаъ масоҳатдошта пурра нобуд гардида, майдони зери ях карордошта 20-25 фоиз кам мешавад.
Аз сӯи дигар гуфта мешавад, яке аз пайомадҳои даҳшатборе, ки дар натиҷаи гармшавӣ ва тағйирёбии иқлим ба миён меояд, ин обшавии пиряхҳои кӯҳӣ ва материкӣ мебошад. Бо идомаи обшавии пиряхҳо ҳаракати ҷараёнҳои уқёнусӣ тағйир ёфта, тӯфонҳои азими обӣ ба миён меоянд. Инчунин як қатор намудҳои биоорганизмҳо нобуд шуда, коҳишёбии оби ошомиданӣ камшавии обҳои зеризаминӣ ва аз байн рафтани кӯлҳои баландкӯҳию миёнакӯҳӣ рух хоҳад дод.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 1 апрел мақолае бо номи “Чаро вазъи фабрика пинаки касеро вайрон намекунад?” чоп карда, аз вазъи феълии «Фабрикаи парандапарварии Чиптӯра» изҳори нигаронӣ мекунад.
Муаллиф менависад, ки «Фабрикаи парандапарварии Чиптӯра» соли 1950 дар соҳили дарёи Қаратоғ бо назардошти иқлими мусоид барои соҳаи парандапарварӣ сохта шуда, бо иқтидори истеҳсолии 1 миллиону 200 ҳазор дона тухм дар як шабонарӯз кор мекард.
Аммо ба гуфтаи муаллиф, коргоҳе, ки як вақтҳо тимсоли муваффақият ба ҳисоб мерафт, акнун на танҳо ба таъмири асосӣ, балки ба бозсозии куллӣ ва дигаргунагии сохтор ниёз дорад. Вазъият дар фабрика чунон нигаронкунанда аст, ки онро на бо сухан, балки танҳо бо аксҳо метавон тасвир намуд.
Нашрияи “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 3 апрел матлабе зари унвони “Ҳисор. Литсейи касбӣ-техникӣ соҳиби бинои нав мешавад?” чоп кардааст. Муаллиф менависад, ки Литсейи касбӣ-техникии №1, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Дурбати шаҳри Ҳисор, бинои асосӣ надошта, дар шафати муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 22 ҷойгир аст.
Мушкилоти дигари муассиса надоштани устохонаи муҷаҳҳаз ва хобгоҳ мебошад. Ҳоло дар муассиса 390 нафар аз шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе таҳсил доранд.
Ба гуфтаи муаллиф шогирдон дар 13 синфхонаи қисман муҷаҳҳаз нозукиҳои касби интихобкардаашонро меомӯзанд, вале боиси нигаронист, ки техникаҳои муассиса кайҳо корношоям гаштаанд.
Ба гуфтаи Миҷгона Раҳимӣ, мудири литсейи мазкур раҳбарияти шаҳри Ҳисор ва Кумитаи навтаъсиси таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз ин мушкилӣ огоҳанд ва ваъда додаанд, ки баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта мусоидат намояд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 3 апрел мусоҳиба бо Абдулҳамид Самад Нависандаи халқии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро чоп кардааст.
Муаллиф хотиррасон мекунад, ки Абдулҳамид Самад аз зумраи адибонест, ки нахустин шуда мавзуъи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро мавриди таҳқиқи бадеӣ қарор дода, романи “Гардиши девбод”-ро таълиф кард.
Ба гуфтаи Абдулҳамид Самад, дар романи “Гардиши девбод” ҳаводиси сад сол, ё каму беш аз сад сол, ки миллати мо се фоҷеаи бузургро аз сар гузаронид, ба таври бадеӣ таҳқиқ шудаанд.
Вай дар ин бора таъкид кард, ки афзуд, ки қаблан ҳам, дар асрҳои 9 ва 10, ҳатто пеш аз он ҳам, миллати мо бар асари нофаҳмӣ, гирифтор шудан ба ангезаҳо ва тааммул накардан бар сари худаш бадбахтиҳо ва шикасту рехти фоҷеабори зиёд овардааст.
Ҳамзамон ба гуфтаи муаллифи романи “Гардиши девбод”, таърихро танҳо ба хотири таърих наменависанд, таърихро барои он менависанд, ки аз он миллат ибрат гирад, ояндаашро андешад. Агар миллат ояндаашро фикр накунад, ба шикаст рӯ ба рӯ мешавад.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 4 апрел дар як мақолаи таҳлилӣ масъалаи норасоии ҷойҳои нишаст дар мактабҳои миёнраро матраҳ кардааст.
Ба навиштаи муаллиф, дар Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна дусад мактаби таҳсилоти умумӣ сохта мешавад. Аммо сатҳи болои таваллуд тақозои онро дорад, ки сохтмони мактабҳо ду баробар зиёд карда шавад.
Тибқи таҳлилҳои нашрияи “Азия-Плюс”, бар асоси маълумоти ширктаҳои сохтмонӣ, барои як мактаб бо 1000 ҷойи нишаст ба ҳисоби миёна 1,5 миллион доллар лозим аст. Ҳамин тариқ барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ барои 73 ҳазор хонанда, 110 миллион доллар, ё худ қариб 1 миллиарду 205 миллион сомонӣ зарур аст.
Ба назари коршиноси соҳаи маориф Насим Муҳиддинов яке аз роҳҳои ҳалли мушкилоти норасои ҷойҳои нишаст дар мактабҳо, ин афзоиши шумораи муассисаҳои таълимии хусусӣ аст.
Нашрияи “Пайк” дар шумораи 4 апрел бо нашри матлабе аз вазъи ногувори партовгоҳи марказии ноҳияи Рӯдакӣ интиқод кардааст. Муаллиф мегӯяд, бо вуҷуди ваъдаи раиси ноҳия ҷиҳати ҳалли ин мушкилот, бо гузашти 9 моҳ ҳолати ин партовгоҳ аслан тағйир накардааст.
Ба гуфтаи муаллиф, ҳолати титу пареши партовгоҳ боиси он шудааст, ки 15-20 гектар заминҳои кишоварзии шафати он низ ба партовгоҳ табдил шудаанд.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”