6 апрел дар китобхонаи бачагонаи шаҳри Ваҳдат Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоб барои кӯдакон ва наврасон» оғоз гардид, ки он то 9 апрел идома хоҳад кард.
Фестивал бо барномаи фарҳангӣ оғоз ёфт, ки дар он кӯдакону наврасон шеърҳои гуногун қироат намуданд. Ҳадаф аз баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоб барои кӯдакон ва наврасон»- бедор намудани шавқу рағбат нисбат ба мутолиаи китоб дар замири кӯдакон мебошад. Фестивал мақоми ҷумҳуриявӣ дошта, давоми як ҳафта баргузор мешавад.
Имсол дар Фестивал адибони маъруф Абдусаттор Раҳмониён, Ҷура Ҳошим, адибаи хушкалом Латофат Кенҷаева ва дигарон иштирок менамоянд.