Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар робита ба Озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” семинар – машварат доир гардид.
Дар семинар аъзои камиссияи озмун, намояндагони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои маориф, инчунин намояндагони донишгоҳҳои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар рафти семинар як қатор масъалаҳои озмун, аз ҷумла назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони озмун, комиссияҳои апилятсионӣ, ҳайати ҳакамон ва баррасии арзу шикояти довталабон ва иштирокчиён, тасдиқи хулосаи ҳайати ҳакамони даври якум ва пешниҳоди саривақтии натиҷаи даври якум ба масъулон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар семинар Дилафрӯз Рустамзода, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати аъзои комиссияи озмун баромад карда, қайд намуд, ки имсол рафти баргузории озмун сабт карда мешавад ва иштирокчиёнро зарур аст, ки таёрии ҷиддӣ дида, ҳама ҳуҷҷатҳои худро мувофиқи талаботи низомнома омода намоянд, то дар даврҳои баъдӣ ба мушкиле дучор нагарданд.
Дар идомаи ҷаласа муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Парвина Амонҷонзода баромад карда, иброз намуд, ки баргузории даври даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар моҳи апрели соли равон ба нақша гирифта шуда, айни замон аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе корбари дар ин самт оғоз гаштааст.
Одинабой Маҷидов номзади илмҳои техникӣ ва ҳамчунин аъзои гуруҳи корӣ оид ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» зимни суҳбат ба мо гуфт, ки мақсади асосии семинар – машварати имрӯза ин ба самъи иштирокчиён, омӯзгорон ва муттасадиён расонидани он тағироту иловаҳое, ки ба низомномаи озмун ворид гашта, инчунин бартараф кардани камбудиҳои ҷойдоштаи солҳои қаблӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз соли 2021 инҷониб таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор карда мешавад.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”