Дар шаҳри Душанбе байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Лесинвест»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Кia Motors»-и Ҷумҳурии Корея созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Лесинвест» хабар додааст.
Созишнамаро Раиси Шурои директорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Лесинвест» Шарифбек Давлатов ва намояндаи расмии ширкати «Кia Motors»-и Ҷумҳурии Корея Ҷуҳо Ким имзо намуданд.
Тибқи шартномаи тарафайн ояндаи наздик намояндагии ширкати «Кia Motors»-и Ҷумҳурии Корея дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ифтитоҳ мегардад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо имконияти ҳамкории байни ширкатҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея сол то сол рушд ёфта, барои тавсеаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ заминаҳои боэътимод фароҳам оварда шудааст.