Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарбаи ҳавоии ба Консулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ш. Димишқи Ҷумҳурии Арабии Сурия расонидашударо, ки дар натиҷаи он чандин нафар кушта ва захмдор гаштаанд, қатъиян маҳкум менамояд.
Мо чунин амалҳоро, ки вайрон кардани ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла конвенсияҳои Вена мебошанд, комилан ғайри қобили қабул мешуморем.