Баргузории чорабинии наврӯзӣ бо иштироки корпуси дипломатӣ дар “Кохи Наврӯз”

30 марти соли 2024 дар Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии «Кохи Наврӯз» ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки роҳбарияти Вазорат ва корпуси дипломатӣ чорабинии идона баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ меҳмонон аз толорҳои оинабандӣ, Гулистон, Зарандуд, Арданг ва Дидори Кохи Наврӯз дидан намуда, бо намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва урфу одатҳои қадимаи халқи тоҷик шинос шуданд.

Дар намоишгоҳ намунаҳои чакан, атласу адрас, асбобҳои суруду мусиқӣ, нигораҳо, либосҳои миллӣ ва хони наврӯзӣ пешкаши ҳамагон гардид.

Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ҳозиринро бо ҷашни Наврӯз табрику таҳният гуфта, чунин қайд намуд: “Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ва ҳатто фаротар аз он, инак беш аз даҳ рӯз аст, ки бо нишоту сурур ва рӯҳи болида ҷашн доранд, мисли табиат эҳё мешаванду фарсудагиву хастаҳолӣ зи худ дур месозанд ва бо нерӯи наву созанда, бо умед ба фардои нек, бо нияти сулҳу осоиш ва ҳусни ҳамҷаворӣ гом ба Соли нави ниёгонӣ мениҳанд”.

Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи консертӣ бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз доир гардид.