Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

 29 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода шунида шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки ҷиҳати татбиқи босамари тадбирҳо нақшаи чорабиниҳо дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 тасдиқ ва ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шавад.

Вобаста ба таъсири манфии равандҳои номатлуби ҷаҳонӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ба иқтисоду иҷтимоиёти мамлакат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони мақомоти масъул барои ба қадри кофӣ захира намудани маводи зарурӣ, истифодаи сарфакоронаи захираҳои обӣ, кам кардани талафоти техникии неруи барқ, ҷамъоварии дуруст ва пурраи маблағҳои истифодабарии неруи барқ ва тарғиби фарҳанги сариштакорӣ дар рӯзгори мардум супоришҳои мушаххас доданд.

Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва корхонаву ташкилоти дигар вазифадор шуданд, ки то санаи 10 ҳар моҳ оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

Сипас, дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ”, “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ва “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ” муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Дар кори маҷлиси Ҳукумат ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба Нақшаи амали солҳои 2024-2026 Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Дар бораи Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дар бораи Андоза ва тартиби пардохти музди сайёҳии экологӣ дар ҳудуди табиии махсус муҳофизатшаванда, баррасӣ карда шуд.

Баъди муҳокимаи ҳамаи масъалаҳои маҷлис Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иҷрои дастурҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондиҳандаҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳидоятҳои дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин додашуда ба аъзои Ҳукумат, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту корхонаҳо супоришҳои мушаххас доданд.

Дастуру супоришҳо ҳамчунин оид ба вусъати корҳои ободонӣ, кишту кори баҳорӣ ва истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.

Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар иҷрои ҳатмии дастуру ҳидоятҳои рӯзи 9 март дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини мамлакат додашударо ёдовар шуданд.

Аз ҷумла, аз аъзои Ҳукумати мамлакат ва аҳли ҷомеа риояи қатъии муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” талаб карда шуд.