Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бозии чоруми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» мусовӣ анҷом ёфт.
Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор гардида, бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии сеюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G», ки 21 март баргузор шуд, аз тими миллии Арабистони Саудӣ мағлуб гардид.
Баъд аз рақобат миёни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бозии чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026, ки бо ҳисоби 1:1 ба поён расид, дар конфронс-зали Варзишгоҳи марказӣ нишасти матбуотии сармураббиёни ду мунтахаб баргузор шуд.
Нахуст Роберто Манчинӣ, мутахассиси итолиёвӣ ба назди рӯзноманигорон омада оид ба рақобати доиршуда, ибрози назар кард. Маълум гардид, ки аз мусовии дастааш қаноатманд набуда, анҷом додани ду бозӣ дар панҷ рӯзи охирро сабабгори ин медонад.
Баъдан сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе ва муаллифи голи мунтахаби кишварамон дар ҳамин рақобат Рустам Соиров таассуроташро аз ин бозӣ баён намуданд. Онҳо аз дастгирии мухлисон ниҳоят шод буда, миннатдориашонро изҳор доштанд.
Шекиладзе иқтидори дастаи рақибро баланд арзёбӣ карда, ҳамчунин гуфт, ки бачаҳо бад бозӣ накарданд, аммо каме қувваи онҳо барои ғалаба нарасид.