Конференсияи илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба 100-солагии «Хорпуштак» баргузор гардид

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 100-солагии маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» конференсияи илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Яке аз мавзӯъҳои меҳварии конференсия ҳифз ва муаррифии мероси чопии «Хорпуштак» буд. Китобхонаи миллӣ ҳамчун яке аз махзанҳои бузурги осори чопии кишвар намунаҳои солҳои гуногуни ин маҷалларо нигоҳ медорад.

Дар идомаи конференсия нақш ва аҳамияти «Хорпуштак» дар ташаккул ва рушди адабиёти ҳаҷвии тоҷик низ таъкид гардид. Муҳаққиқон, адибон ва намояндагони соҳаи фарҳанг доир ба таърихи маҷалла, нақши он дар матбуоти тоҷик ва масъалаҳои рушди ҳаҷви муосир андешаронӣ карданд.