Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027» дар Шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш нақшаи зимистонгузаронӣ таҳия гардида, муассисаҳои таълимии ноҳия аз таъмир бароварда шудаанд. Айни замон муассисаҳои таълимӣ бо ангишт ва ҳезум таъмин карда мешаванд.
Тибқи нақша, дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ 514 тонна ангишт ва 350 метри мукааб ҳезум захира карда шудааст, ки барои зимистонгузаронӣ басанда мебошад. Дар ин бора мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш Турабек Аброров дар суҳбат ба мо иттилоъ дод.
Дар ноҳияи Лахш 62 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, дар онҳо 12 ҳазору 840 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Айни ҳол масъулини муассисаҳои таълимӣ печҳои аловӣ ва барқиро омода намуда истодаанд, то дар фасли сармо бидуни мушкил фаъолият намоянд.
Тадбирҳои андешидашуда имкон медиҳанд, ки муассисаҳои таълимӣ ба давраи сармо омода гардида, дар шароити обу ҳавои номусоид фаъолияти муътадили худро ба роҳ монанд.
