БОЗИИ МУНТАХАБҲОИ ТОҶИКИСТОН – АРАБИСТОНИ САУД: БИЁЕД ДАСТААМОНРО ЯКҶОЯ ДАСТГИРӢ КУНЕМ!

Имрӯз, 26 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии чоруми даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 20:00 оғоз мешавад.

ФФТ тамоми мухлисонро ба варзишгоҳ даъват карда, хоҳиш намудааст, ки дар чунин рақобати муҳим дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дастгирӣ кунанд.

Тими миллӣ ба дастгирии шумо ниёз дорад! Биёед мунтахабамонро якҷоя дастгирӣ кунем!!!