22 марти соли 2024 вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар қисмати дуюми чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии об 2024: Нигоҳ доштани суръати пешравиҳо” иштирок намуда, дар бахши “Ҳамкории байнисоҳавӣ ва шарикии бисёрҷониба: мусоидат дар роҳандозии навоварӣ ва таъмини об барои ҳама” суханронӣ кард.
Вазири корҳои хориҷӣ оид ба нақши ташаббусҳои ҷаҳонии Ҳукумати Тоҷикистон, баргузор намудани силсила чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ дар чаҳорчӯби Раванди оби Душанбе, ки дар пешбурди ҳадафҳои марбут ба об дар сатҳҳои гуногун, аз ҷумла онҳое, ки дар Рӯзномаи рушди устувор барои соли 2030 зикр шудаанд, баромад намуд.
Ӯ таъкид кард, ки тасмимгириҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти об ва ташкил намудани чорабиниҳои байналмилалии сатҳи баланд дар ин соҳа ба муттаҳидсозии ҷаҳон дар ҳалли масоили марбут ба об саҳми арзанда гузошта, барои бознигарии амалҳо ва таҳкими ҳамкорӣ дар ҷодаи ноил гардидан ба ҳадафҳои Рӯзномаи 2030 имконияти хуб фароҳам меоварад.
Инчунин ба ҳозирин доир ба баргузории 3-юмин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки ҳадафи он таъмини платформа барои пайгирӣ, пешбарӣ ва дастгирии иҷрои ӯҳдадориҳои ихтиёрии Конфронси оби СММ соли 2023 равона гардидааст, маълумот муфассал манзур гардид.
Қобили зикр аст, ки дар қисми ниҳоии чорабинӣ намояндаҳои Олмон, Арабистони Саудӣ, Малӣ, Россия, ИМА, ва дигарон нақши Тоҷикистонро дар раванди татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонии об муҳим арзёбӣ намуда, омодагии хешро барои ҳамкорӣ дар доираи Раванди оби Душанбе изҳор карданд.