Ғолибияти Ҷаннат Ҳусейнзода дар озмуни “Steinway Piano Competition”

Пианинонавози ҷавони Тоҷик Ҷаннат Ҳусейнзода дар озмуни бонуфузи пианинонавозони Подшоҳии Белгия “Steinway Piano Competition”, ки дар давоми моҳҳои феврал ва марти соли 2024 дар шаҳрҳои гуногуни Белгия гузашт, ғолиб гардид. Ҳамчун лауреати ин озмун Ҷаннат дар давоми солҳои 2024 ва 2025 дар консертҳои намунавии “Steinway” ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Озмуни “Steinway Piano Competition” шуруъ аз соли 2005 ҳар ду сол як маротиба пианинонавозони ҷавону навраси боистеъдодро ба ҳам ҷамъ меоварад.

Ҷаннат Ҳусейнзода, хатмкардаи Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов, солисти “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавонтарин узви Иттиҳоди оҳангсозони Тоҷикистон ва ғолиби озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, аз ҷумла озмуни “Тоҷикистон Ватани азизи ман” мебошад.