ҲАДАФҲОИ КОНФРОНСИ 3-ЮМИ ОБИ ДУШАНБЕ

Тоҷикистон мизбони боз як Ҳамоиши байналмиллалӣ – Конфронси    Сеюми сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об хоҳад шуд, ки рузҳои 10-13 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои бархе аз кишварҳои ҷаҳон, инчунин созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади омодагӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани ин чорабинии сатҳи баланд таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Кумитаи тадорукоти Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, 2018-2028» таъсис дода шудааст. Раванди оби Душанбе ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” мебошад, ки тавассути баргузор намудани конфронси байналмилалӣ дар ду сол як маротиба аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид амалӣ мешавад.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҳамраиси Кумитаи байналмиллалии машваратии раванди Оби Душанбе Султон Раҳимзода зимни суҳбат ба мо гуфт, ки ҳадафи Конфронси 3-юм боз ҳам тақвият бахшидани саъю талошҳои муштарак ва дастгирии иҷрои ухдадорихои ихтиёрии  дар рўзномаи амал ва ҳавасмандгардонии муносибатҳои нави шарикӣ дар ин самт мебошад. Зеро ҳарчанд амалҳои зиёд иҷро шуда истодаанд, бо вуҷуди ин чолишҳо низ суръати бештар доранд. Ин ҳам бошад таъсири тағйирёбии иклим, афзоиши  аҳолӣ мебошанд. Конфронсҳое, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд, аслан ҳадафашон пешниҳод кардани платформа  барои мубодилаи афкор ва суръат бахшидан ба амалҳо буд. Ва ду конфронси баргузоршуда, аллакай натиҷаи худро дод. Аз ҷумла 5 муколамаи интерактивие, ки дар Конфронси Дуюми Нью Йорк баргузор шуд, заминааш аз конфронси Душанбе буд. Баъди Конфронс Дар доираи СОР-28 бонкхои байналмиллалии рушд уҳдадорӣ гирифтанд, ки аз солҳои 2023 то соли 2026 маблағгузориро ба соҳаи об се маротиба зиёд ва шумораи аҳолие, ки аз ин маблағҳо истифода мебаранд, ду маротиба зиёд кунанд. Аморати Муттаҳидаи Араб уҳдадор шуд, ки барои ҳал кардани норасоии об 150 млн.доллар ҷудо намояд, Арабистони Саудӣ низ Фонди бонуфузеро бо 5 млрд доллар таъсис дод, ки ин ҳама аз натиҷаи Конфронсҳои Тоҷикистон аст. Ҳадафи баргузории конфронсҳои байналмиллалӣ  иттилоотонии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хатарҳои вобаста ба об  мебошад.  

Тавре ҳамсуҳбати мо Султон Раҳимзода таъкид доштанд, дар доираи конфронс чорабиниҳои фарҳангӣ, намоишгоҳ, сайёҳат ба гўшаҳои кишвар ва ташкили чорабиниҳои канорӣ дар назар аст.  Конфронс асосан пайгирӣ аз натиҷаи Конфронси дуюми СММ буда,  барнома аз панҷ муколама иборат мебошад:

– Об барои  саломатӣ;

– Об барои рушди устувор;

–  Об – устувории иқлим ба муҳити зист;

– Об барои ҳамкорӣ;

– Даҳсолаи байналмиллалии солҳои 2018-2028.

Конфронси сеюми Оби душанбе имкони хубест барои муаррифии Тоҷикистон, дастоварду имкониятҳои он барои сармоягузорӣ ва тақвияти ҳамкориҳо дар самти кам кардани хавфи офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим. Гузаронидани конфронси мазкур ва татбиқи даҳсола имкон медиҳад, бори дигар мавқеи Тоҷикистон дар сатҳи байналмиллалӣ боз ҳам мустаҳкам ва нуфузи кишвар боз ҳам бештар гардад.

Шоистаи Аҳмад

радиои “Тоҷикистон”