Раҷаббой Аҳмадзода ва Дилшод Ҷўразода бо аъзои Федератсияи футболи вилояти Суғд ва соҳибкорон мулоқот намуданд

16 марти соли 2024 дар толори меҳмонхонаи «Суғдиён» мулоқоти Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷўразода бо аъзои Федератсияи футболи вилоят ва соҳибкорон баргузор гардидааст.

Тавре Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаи рафти иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки дар ҷаласаи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон санаи 3 ноябри соли 2023 баён гардида буд, мавриди таҳлил қарор гирифт.

Таъкид карда шуд, ки футбол дар кишвар яке аз намудҳои маъмули варзиш ба ҳисоб рафта, зери таваҷҷўҳ ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми беназири Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дошта, сол аз сол рушд ва инкишоф ёфта истодааст.

Федератсияи футболи вилоят яке аз ҳамоҳангсозони “Барномаи рушди футбол барои солҳои 2022 – 2026” ва “Барномаи махсуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2024” буда, барои оммавӣ гардонидани футбол, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани робитаи дўстӣ, дарёфти чеҳраҳои нави варзишгарон ва бо ин васила дурусту мақсаднок истифода бурдани иншооти варзишӣ нақши муҳим дорад.

Дар доираи барномаи мазкур барои солҳои 2018-2023 аз ҳисоби буҷети вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ба маблағи беш аз 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст.

Боиси хурсандист, ки бо дастгирии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ футболи кишвар дар марҳилаи рушд қарор дорад. Соли ҷорӣ дастаи мунтахаби кишвар бо аввалин иштироки худ дар Ҷоми Осиё оид ба футбол то даври марҳилаи 4/1 ниҳоӣ баромада, дар байни 8 дастаҳои беҳтарини Осиё мақом гирифт, ки ин дастоварди бузург дар саҳифаи таърихи футболи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардид.

Илова бар ин, моҳи апрели соли равон дастаи олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои Ҷоми Осиё оид ба футбол ҳунарнамоӣ мекунад ва мо боварӣ дорем, ки дастаи мазкур ба дастовардҳои баланди варзишӣ ноил мегардад.

Имсол низ бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон Лигаи олӣ бо иштироки 12 даста, аз ҷумла аз вилояти Суғд 3 даста, “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд ва “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан дар назар дошта шуда, бозиҳо аз моҳи апрел шурўъ хоҳанд шуд.

Ҳамзамон, дар Лигаи якуми мамлакат 12 даста, аз ҷумла аз вилояти Суғд 3 даста, “Парвоз”-и Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, “Исфара”-и шаҳри Исфара ва “Саразм”-и шаҳри Панҷакент ҳунарнамоӣ менамоянд.

Инчунин, соли ҷорӣ бо дастгирии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва иқдоми Федератсияи футболи вилоят дар Лигаи дуюм (Минтақаи Суғд) 12 дастаи шаҳру ноҳияҳои вилоят шомил гардида, аз моҳи апрел байни ҳам ҳунарнамоӣ мекунанд.

Зимни ироаи маълумот муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти рушди футбол таъкид намуд, ки бо супориши Раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд аз ҳисоби кормандони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳамчунин намояндагони Федератсияи футболи вилоят гуруҳи корӣ ташкил гардида, ҳолати имрӯзаи варзишгоҳҳо ва майдонҳои варзишӣ барои футбол дар шаҳру ноҳияҳо мавриди санҷиш қарор дода шуд. Дар аксар иншооти варзишӣ барои мутобиқ намудан ба талабот ва фароҳам овардани шароити зарурӣ корҳои навсозӣ оғоз гардида, тадбирҳо дар ин самт идома дорад.

Раиси вилоят муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, ки сарпарасти соҳа мебошанд ва ҳамзамон ба дигар шахсони масъулро барои таъмини рушди варзиш, аз ҷумла футбол, сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳо ва татбиқи ҳадафҳои созанда вазифадор намуд.

Соҳибкорону роҳбарони ширкатҳои ватанӣ пешниҳодҳои худро ба миён гузошта, зарур шумориданд, ки дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ мусобиқаҳои футбол мунтазам гузаронида шавад.