Дар доираи даври 29-уми бозиҳои Ла-лигаи Испания дастаҳои Атлетико Мадрид ва Барселона бо ҳам рақобат намуданд. Бозии дастаҳо дар майдони “Сивитас Метрополитано” –и Атлетико мадрид доир гардида, бо ҳисоби 0:3 ба нафъи меҳмонон хотима ёфт. Голҳоро дар ин дидор Жуан Феликс (38), Роберт Левандовский (47), Фермин Лопес (65) ба самар расониданд. Ҳоло дастаи Барселона бо касби 64 имтиёз дар зинаи 2-ум ва бошгоҳи Атлетико Мадрид бо касби 55 имтиёз дар зинаи 5-уми ҷадвали мусобиқот қарор дорад.
Ҳамзамон, дар ҳамин даври мусобиқот дастаҳои Севилия ва Селта бо ҳам рақобат намуданд. Бозии дастаҳо дар майдони “Рамон Санчес Писхуан”-и Севилия доир гардида, бо ҳисоби 1:2 ба нафъи меҳмонон хотима ёфт. Голҳи ягонаи дастаи мизбонро Юссеф Эн-Нессери дар дақиқаи 18 – ум ба самар расонида, ҳисоби бозиро кушод. Аммо дар қисмати дуюуми бозӣ меҳмонон тавонистанд, ки бо ду голи задаи худ ҳарфиро шикаст диҳанд. Голҳоро аз ҷониби дастаи Селта Карлес Перес (72), Йёрген Стран Ларсен (78) ба самар расонид. Ҳоло дастаи селта бо касби 27 имтиёз дар зинаи 17-ум ва бошгоҳи Севилия бо касби 28 имтиёз дар зинаи 16-уми ҷадвали мусобиқот қарор дорад.