Имрӯз, 17 марти соли 2024 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии “Наврӯз” мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ доир гардид. Дар мусобиқа аз рӯи 8 намина дар масофаҳои 1200 ва 1800 метр рақобатҳо миёни беҳтарин чобуксаворони мамлакат барпо шуд. Аз рӯи наминаҳо ғолибон бо мукофотҳои пулӣ ба миқдори 10000 сомонӣ барои ҷои аввал, 7000 сомонӣ барои ҷои дуюм ва 5000 сомонӣ барои ҷои сеюм, инчунин медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.
Пойгаи якум масофаи 1200 метрро дар бар мегирифт, ки зоти аспҳои тоҷикии дусоларо барои нерӯсанҷӣ ба ҳам овард. Дар ин пойга асп бо лақаби “Марҳабо”, ки чобуксавор аз шаҳри Хуҷанд, Шукрулло Усмонов онро идора мекард, дар 1 дақиқаю 24 сония ба мара расида сазовори ҷои аввал гардид. Ҷои дуюми ин масофа насиби чобуксавори дигар аз Хуҷанд Аминҷон Абдуқодиров гардид, ки аспи ӯ лақаби “Бурак” дошт. Ҷои сеюмро чобуксавор аз Душанбе Фирдавс Саломов сазовор шуд, ки аспи ӯ лақаби “Ледная ноч”-ро дошт.
Пойгаи дуюм низ дар масофаи 1200 метр буд ва ин пойга байни зоти аспҳои ахалтекин барпо шуд. Асп бо лақаби “Сарбаланд” аз шаҳри Душанбе, ки чобуксавори номдор, Саломов Фирдавс онро идора мекард, аввалин шуда ба хати мара расид. Ҷои дуюмро асп – “Стелла” ба даст овард, ки Манучеҳр Шарофиддинов онро идора мекард. Ҷои биринҷӣ сазовори асп бо лақаби “Самарқанд” шуд. Ин аспро Меҳроб Шамшеров аз шаҳри Душанбе саворӣ мекард.
Пойгаи сеюм, дар масофаи 1200 метр байни зоти аспҳои Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ” ва аспҳои омехта, асп бо лақаби “Султон”, аз ноҳияи Рудакӣ, чобуксавор Юнусов Ёқубҷон дар 1 дақиқаю 26 сония ба мара расида сазовори ҷои якум шуд. Ҷои дуюмро асп бо лақаби “Шамол” аз ноҳияи Нуробод соҳиб шуд. Чобуксавор Амрулло Ҷамилов тавонист дар 1 дақиқаю 27 сония ба хати финиш бирасад ва нишони биринҷиро соҳиб гардад. Ҷои сеюм насиби асп бо лақаби “Заврақ”, ки онро Азамат Ҷумаев идора мекард, гардид.
Пойгаи дигар байни зоти аспҳои омехта, баргузор шуд, ки чобуксавори мумтоз – Фирдавс Саломов тавонист бо асп бо лақаби “Сентуриён” дар 1 дақиқаю 19 сония натиҷа нишон дода ғолиби мусобиқа гардад.