ПАРДАБАРДОРӢ АЗ НИМПАЙКАРАИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ ДАР БРИТАНИЯ

Имрӯз дар шаҳри Лондон  барномаи илмӣ- фарҳангӣ зери унвони «Рӯдакӣ- падари шеър форсӣ, дарӣ/тоҷик»  дар донишгоҳи SOAS аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар Британия баргузор  шуда, дар доираи ин барнома пардабардорӣ аз нимпайкпраи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  анҷом шуд.  Дар ин бора аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Дар оғоз Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир — Рухшона Эмомалӣ ба барнома ҳусни оғоз бахшида, ду нафар аз профессорони донишгоҳи SOAS суханронӣ намуда, нимпайкараи Рӯдакиро дар ҷамъи меҳмонон рӯнамоӣ карданд.