Рӯзи 13 марти соли 2024 бо ташаббуси маҷаллаи дипломатии “Society Magazin” дар ҳамкорӣ бо намояндагиҳои дипломатии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Ироқ, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эрон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар шаҳри Вена таҷлил карда шуд.
Дар рафти маърака кишварҳои иштирокдор гӯшаи фарҳангии худро оро доданд, ки дар қатори онҳо гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хӯроку шириниҳои лазизи наврӯзӣ, ҳафтсину ҳафтшин, ҳунарҳои дастии қадимаи мардумӣ аз қабили сӯзаниву гулдӯзӣ омода шуда буд.
Дар ҷашнгирии наврӯзӣ намояндагони вазорату идораҳои кишвари иқомат, созмонҳои байналмилалӣ ва ҳайати дипломатии муқими Вена иштирок доштанд.