ҶОЙГОҲИ НАВРӮЗ ДАР ОСОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Наврӯз аз куҳантарин ҷашнҳоест, ки аз замонҳои қадим боқӣ монда, ҳоло на танҳо дар кишварҳои форсизабонон, ки яке аз марказҳои муҳимми тамаддуни ҷаҳонӣ ба шумор мераванд, таҷлил мешавад, балки дар манотиқи мухталифи кишварҳои Қафқоз, Осиёи Марзказӣ ва берун аз он, аз ҷумла дар кишварҳое чун Русия, Туркманистон, Ҳиндустон, Покистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ироқ, Гурҷистон, Озарбойҷон, Албания, Чин ва ғайра ҷашни расмӣ аст ва мардум бо тантана аз ин ҷашн истиқбол мегиранд ва “мо ҳоло аз он хушбахтем, ки тамоми халқҳои Осиёи Миёна дар рӯзи ин ҷашни фархунда ҳамдигарро бо ибораи тоҷикии “Наврӯз муборак” табрик менамоянд. Ин нукта бори дигар тасдиқ мекунад, ки миллати мо дар тамоми таърихи худ нақши паҳнкунандаи тамаддунро бозидааст”.

Қайд кардан ба маврид аст, ки соли 2010 бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо пуштибонии чандин давлатҳои дигар Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид доир ба ҷашни байналмилалӣ эълон гардидани Наврӯзи Аҷам қатънома қабул кард.

Сабаби ҷаҳонишавӣ ва дар байни халқу давлатҳои дигар доман паҳн кардану гиромӣ доштани Наврӯзро Пешвои миллат дар тӯли асрҳо, дар баробари ин ки ба ривоҷи маданияти заминдориву зироаткорӣ, боғдориву ободгарӣ ва ба инсонҳо чун фарҳанги волои ҳамёриву ҳамкорӣ мусоидат намуда ва омили муҳимми таҳкими сулҳу ваҳдат ва тавсеи накукориву хайрхоҳӣ хизмат кардааст, арзёбӣ мекунад. Пайки Наврӯзи Аҷам чун рамзи фарорасии баҳор ва авҷи корҳои кишоварзӣ, ки ба Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон расад, Пешвои миллат онро барои ҳар хонадон шодию сурур ва муждаи файзу баракат мепиндорад. Ӯ бар ин бовар аст, ки ҳамаи сокинони кишвари азизамон иди Наврӯзро бо дилу дасти кушод, табъи болида ва ормонҳои созанда истиқбол гирифта, чун иди бузурги миллӣ ва умумихалқӣ қадр менамоянд.

Наврӯз дар Эрону Афғонистон оғози соли нав маҳсуб мешавад. Аммо дар кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз тақвими милодӣ маъмул аст ва Наврӯзро ҳамчун оғози баҳор таҷлил мекунанд.

Ҷашни бостонии Наврӯз, ки ҳувият ва хусусияти миллӣ дорад, рамзи пайванди наслҳо ва қавмҳо мебошад. Мо Наврӯзро оғози эҳёи табиат, санаи нашъунамо ва тавлиди наботот мешуморем ва ба ин боварем, ки дар баробари табиат бояд даврони навро низ бо рӯҳияи тоза ва пӯшидани либосҳои нав оғоз кунем. Пешвои миллат вобаста ба ин масъала ба маврид зикр мекунад: “Наврӯз оғози сол, оғози зиндагии тоза, оғози умеду орзу ва бахту саодат буда, ба остонаи ҳар хонадон чун пайки шодиву нишот ва эҳёи замину табиат қадам мениҳад. Наврӯз бо фарорасии баҳор кулбаву кошонаи моро нуру зиё мебахшад, дар вуҷуди мо поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуро бедор месозад. Бо нафаси мубораки хеш адовату кинаро аз замири мо дур месозад, меҳри бародарӣ, шафқату меҳрубонӣ ва хайру саховатро дар дили ҳар яки мо меангезад”.

Чигунае, ки дар боло зикр кардид, Наврӯз рӯзи аввали баҳор аст. Ин рӯз маҳз оғози соли нави хуршедӣ аст ва лаҳзаи таҳвили сол мебошад, ки Хуршед аз вазъияти бурҷи ҳамл мегузарад ва баробаршавии шабу рӯз оғоз мегардад. Ҳанӯз пажуҳишгарону бостоншиносон ва муаррихону мутафаккирон дар бораи пайдоиши Наврӯз ба мувофиқаи дақиқ ва ягона нарасидаанд. Ҳар чи ки таъкид гардидааст, таҷлили Наврӯз дар фарҳанги эронӣ аз замонҳои қадим вуҷуд дошта, аз гузаштаи пуршарафи мардуми эронзамин то ҳол таҷлил карда мешавад.

Пешвои миллат вобаста ба таърих ва ҷашни Наврӯз дар миёни қавми ориёиҳо дақиқона назар намуда, чунин баён медорад: “Иди Наврӯз мувофиқи шаҳодати сарчашмаҳо қадимтарин иди миллӣ ва муборактарин суннати аҷдодии мо буда, дар миёни қавми ориёӣ чун ҷашни хосаи деҳқонону кишоварзон пос дошта мешуд. Аҳли кишту кор Наврӯзро чун муждаи эҳёи табиат ва оғози корҳои кишоварзӣ бузург дошта, бо шеъру суруд фарорасии фасли ҷонбахши баҳорро пазироӣ мекарданд. Дертар ин оин ба оташкадаву ибодатгоҳи зардуштиёни Балху Бохтар роҳ ёфта, бо ҳидояти Зардушти Спитамен дар қаламрави давлати Куруши Кабир ва Доро мақом пайдо кард”. Пешвои миллат ҳамчунин аз омадагӣ ва истиқболи Наврӯз дар аҳди Сомониён ёдовар шуда, қайд менамояд, ки Наврӯз дар аҳди Сомониён аз ҷумлаи бузургтарин ва муътабартарин идҳои мардуми тоҷик буда, ба истиқболи он кишоварзону деҳқонон, тоҷикону косибон, сарбозону сипоҳиён ва ҳокимону шаҳриёрон ҳафтаҳову моҳҳо омадагӣ медиданд. Шоирону ровиён ва санъаткорону ҳунармандон беҳтарин офаридаҳои ҳунари хешро маҳз дар айёми иди Наврӯз пешкаши мардум мекарданд.

Аз андешаи зикргардидаи Пешвои миллат метавон натиҷагирӣ кард, ки бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анъана ва расму оини Наврӯзие, ки айнан дар замони Сомониён баргузор мегардид, дубора дар замони Истиқлоли далатӣ эҳё гардидааст. Наврӯз, ки дар тамоми манотиқи мамлакати азизамон бо шукуҳ таҷлил мегардад, аз болоравии фарҳанги сиёсӣ ва маънавии аҳли ҷомеаи навин ва устувор гардидани пойдевори фарҳангии давлатдории мо шаҳодат медиҳад.

Ҳангоми фарорасии ҷашни Наврӯз миллати тоҷик бар ин назаранд, ки дар остонаи сол ҷойи зисти онҳо то ҳадди имкон поку ороста бошад, зеро баракат дар хонадон зиёд мегардад. Пешвои миллат ба маврид зикр менамоянд, мардуми мо чун анъана ба истиқболи Наврӯз манзилу кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро тозаву обод мекунанд, зеро файзу баракат дар ҷое мерезаду мемонад, ки покизагӣ ва ободӣ бошад. Аз ин рӯ, бо оғози моҳи март ва тамоюли гарм шудани ҳаво онҳо ба тадриҷ хонаҳои худро тоза мекарданд ва имрӯз ҳам. Зарфҳоро шуста, қолинҳои хонаро такон дода, девору маҳалли худро сафед мекунанд. Хонатозакунӣ яке аз ойинҳои Наврӯз аст, ки бештари мардуми ҳавзаи Наврӯз ба он риоя мекунанд. Дар ин ойин тамоми хона ва ҷиҳози он дар арафаи Наврӯз шуста тоза карда мешавад. Аз хона чизҳои шикаста, корношоям ва зиёдатиро мебароранд.

Яке аз суннатҳои нек дар Наврӯз оростани дастархон, обпошонии атрофи манзил, коштани зироат ва тозаву озода намудани хонаҳост, ки тибқи он мардум то фарорасии ҷашн дар зиндагии худ дигаргунӣ ворид мекунанд. Ин амал ба зиндагии онҳо як нерӯи вижае мебахшад. Баҳор, ки фаро мерасад, ҳангоми тоза кардани хонаҳо қалби худро аз кинаву ғурур ва андешаҳои носолим пок карда, сару либос ва тамоми ашёи рӯзгорашонро тозаю ороста менамоянд.

Пешвои миллат ин масъаларо нозукбинона таҳқиқ намуда, дақиқона чунин иброз медорад: “Онҳо аз рӯйи расми қадима хонаҳоро сафед мекунанд, то бахти сафед ҳамеша ёрашон бошад; дастархон меороянд, то бахти сафед ҳамеша ёрашон бошад; дастархон меороянд, то файзу баракат аз хонаҳояшон канда нашавад; гул мегардонанд, то гули бахташон шукуфон бимонад; об мепошанд, то ҳама сол сероб гарданд; донаи умед мекоранд, то файзи хирману баракати ҳосил дучанд афзояд. Пешвои миллат ҳамчунин иброз медоранд, ки гузаштагони мо аз рӯйи донишу таҷрибаи рӯзгор ва мушоҳидаи ҳаёт ба хулосае омадаанд, ки умри ҳар фард дар тӯли як сол аз рӯйи ҳолати равонӣ ва дилу нияташ дар айёми ҷашни Наврӯз мегузарад. Яъне агар кас иди Наврӯзро бо дили шоду хотири ҷамъ, дар муҳити оилаву дӯстон, бо андешаҳои неку орзуҳои наҷиб ва майлу ниятҳои хайру ободгарона истиқбол гирифта бошад, умри яксолаи ӯ пур аз хушиву нишот, кораш пурфайзу бобарор мешавад.

Пешвои миллат иди Наврӯзро иди озодагон ва саховату ҷавонмардӣ номида, дучанд гардидани ҳиммати меҳанпарастию ятимпарварӣ ва саховатмандиро дар ин айём ба маврид зикр мекунад. Ӯ мегӯяд: “Мардуми мо дар ҷашни Наврӯз бо меҳру шафқат сӯйи якдигар оғуш мекушоянд, ба айёдати пирону барҷомондаҳо мераванд, дасти ятимону бепарасторонро мегиранд ва саховату ҷавонмардиро вазифаи муқаддасу қарзи инсонии хеш мешуморанд”

Ниҳоятан метовон зикр намуд, ки Наврӯз бо ҳама хусусиятҳо ва расму оинаш дар осори Пешвои миллат нозукбинонаву дақиқона таҳқиқ гардидааст. Ҳамингуна анаъанаҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик буданд, ки миллатро аз парешонӣ ва давлатро аз зери хатари истилогарони хориҷӣ маҳфуз нигоҳ доштааст. Таҳқиқот мушаххас намуд, ки ҷашни Наврӯз дар таҳким бахшидани худшиносии миллӣ, эҳсоси ватанпарастӣ ва сулҳу салоҳи умумимиллӣ мусоидат хоҳад кард. Чуноне Пешвои миллат қайд менамояд: “Наврӯз сарчашмаи гаронбаҳои маънавӣ ва воситаи муҳимми сарҷамъ намудани ҳамаи сокинони кишвар, ҳидоятгари аҳли ҷомеа ба сӯйи зиндагии орому осуда ва пурфайзу бобарор мебошад”.

Раҷабалӣ ДОДИХУДОЕВ,

номзади илмҳои филологӣ, дотсент