Бозии ҷавобии марҳилаи ҳаштякниҳоии Лигаи Қаҳрамонҳои Аврупо ба анҷом расида, 8 даста Манчест сити, Реал мадрид, ПСЖ, Бавария, Атлетико Мадрид, Боруссия Д, Арсенал ва Барселона тавонистанд, ки ҳарифони худро дар ин даври мусобиқот шикаст дода ба даври 1/4 ниҳоӣ бароянд. Охирин бозӣ миёни дастаҳои Атлетико Мадриду Интер ва Боруссияу ПСВ Эйндховен доир гардид.
Вохӯрии дастаҳои Атлетико Мадрид ва Интер дар варзишгоҳи “Сивитас Метрополитано”-и шаҳри Мадриди Испания баргузор гардида, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи бозингарни Атлетико Мадрид анҷом ёфт. Голи аввали бозиро Федерико Димарко ҳимоятгари бошгоҳи Интер ба самар расонид. Бо гузаро шудани ду дақиқа аз голи аввал ҳамлавар ва нимҳимоятгари дастаи Атлетико Антуан Гризман дарвозаи ҳарифро рахна карда, ҳисоби бозиро мусовӣ кард. Бо ҳамин қисмати аввали бозӣ мусовӣ ба анҷом расид.
Дар қисмати дуюми бозӣ футболзони ҳар ду тим аз худ маҳорати баланд нишон дода, ба дарвозаи якдигар ҳамлаҳои хатарнок намуданд. Дар дақиқаҳои охири бозӣ аниқтараш дар дақиқаи 87-ум ба ҳамлавари дастаи Атлетико Мемфис Депай муяссар гардид ки тубро вориди дарвозаи ҳариф намуда, имконияти пирузии ҳамдастаҳояшро бештар кунад. Бо ҳамин бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи Атлетико мадрид ба анҷом расид. Аз сабаби оне, ки дар бозии қаблӣ Интер бо ҳисоби 1:0 пируз гардида буд, аз ҷониби довар силсилазарбаҳои 11-метра таъин гардид. Дар зарбаҳои 11-метра Атлетико Мадрид бо ҳисоби 3:2 Интеро шикаст дода, ҳамин тавр роҳи худро барои иштирок дар даври ¼ ниҳоӣ ҳамвор намуд.
Бозии ҷавобии марҳилаи ҳаштякниҳоии Лигаи Қаҳрамонҳои Аврупо миёни дастаҳои “Боруссия Д” ва “ПСВ Эйндховен” ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “сигнал идуна Парки”-и шаҳри Дортмунди Олмон баргузор гардида, бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи “мизбонон” анҷом ёфт. Дар дақиқаҳои аввали бозӣ аниқтараш дар дақиқаи 3-ум нимҳимоятгари Борусия Д, Джейдон Санчо бо як голи задаи худ ҳисоби бозиро кушод. Ҳамин тавр қисмати асосии бозӣ бо ҳамин натиҷа яъне як ба сифр ба анҷом расид, аммо дар дақиқаи иловагии бозӣ ҳамлагар ва нимҳимоятгари Борусия Марко Ройс тавонист, ки голи дуюми дастаашро ба самар расонад. Бояд гуфт, ки бозии аввали дастаҳо бо ҳисоби 1 бар 1 анҷом ёфта буд.Ҳамин тавр бо ҳисоби 2:1 бошгоҳи Боруссияи Олмон дастаи ПСВ Эйндховени Нидерландияро шикаст дода, ба даври ¼ ниҳоии мусобиқот баромад.
Баҳруллои М